00:54 24 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
17110

Ширкати туркии Turkish Airlines парвозҳои самти Афғонистонро аз сар гирифт. Ҳамакнун ҳавопаймои ин ширкат ба Кобул ва Мазори Шариф парвоз хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Ширкати туркии Turkish Airlines парвозҳои самти Афғонистонро аз сар гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорати Туркия дар Кобул.

"Имрӯзҳо ширкати Turkish Airlines парвозро ба шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф оғоз кард", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки мусофирон бояд пеш аз парвоз бо санади манфӣ аз бемории сироятии коронавирусро, ки на беш аз 72 соат пеш омода шуда бошад, ҳозир шаванд.

Истисно танҳо мусофирони транзитӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо миёни Туркия ва Афғонистон дар оғози моҳи марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус қатъ шуда буданд.

Аввалин ҳолати сирояти COVID-19 дар Афғонистон рӯзи 24 феврал дар шаҳри Ҳирот, дар ғарби кишвар сабт шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Туркия чораҳои зиддиэпидемикиро дар робита ба паҳн шудани COVID-19 шадидтар мекунад. Мусофире, ки бидуни далели набудани COVID-19 меояд, ба кишвар роҳ дода намешавад.

Инчунин хабар дода шуд, ки шумораи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Туркия афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамин тариқ, шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Истамбул дар як ҳафта то ба 4 адад хоҳад расид. Қаблан шумораи онҳо танҳо як парвоз буд.

Барчаспҳо:
оғоз, парвоз, Туркия, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ