Азим Иброҳим: Тоҷикистон аз бунёди қитъаи роҳи оҳани ТАТ даст накашидааст

CC0 / Pixabay / Поезд на железной дороге
Поезд на железной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Обуна шудан
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти тоҷик мегӯяд, Душанбе аз бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон даст накашидааст
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Вазири нақлиёти кишвар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳукумат барои ҷалби маблағ барои сохтани қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон гуфтушунид мекунад.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми зарар дар соҳаи бору мусофиркашониро гуфт
Вазир афзуд, барои сохтмони роҳи оҳан миёни президентҳои се кишвар созишнома имзо шудааст ва он бояд иҷро шавад.
Ӯ гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз ширкат дар ин лоиҳа даст накашидааст. Ягона мушкилот маблағгузорӣ аст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукумат бо Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории ин лоиҳа гуфтушунид мекунад.
Қитъаи ҷониби Тоҷикистон аз қаламравҳои ноҳияҳои Ҷ.Балхиву Панҷ мегузарад ва бо Қундузи Афғонистон пайваст хоҳад шуд, ки барои иҷрои он тақрибан 128 миллион доллар зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки расман сохтмони роҳи оҳан аз ҷониби Туркманистон соли 2013 дар ҳузури роҳбарони се кишвар бо гузоштани нахустин релс оғоз шуда буд.
Бар асоси созишнома, сохтмони роҳи оҳан бояд соли 2016 оғоз мешуд, аммо ҷониби Афғонистону Туркманистон сар карданду Тоҷикистон ҳанӯз дорад сармоя меҷӯяд.
Железнодорожный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2020
Туркманистон сохти роҳи оҳан аз Афғонистон то марзи Тоҷикистонро идома медиҳад
Соли гузашта, раиси ҷумҳури Туркманистон эълом кард, ки кишвараш сохти роҳи оҳани минтақаӣ дар қаламрави Афғонистон то марзи Тоҷикистонро бо ҳазинаи худ идома хоҳад дод.
Ҳамзамон дар мавриди интихоби масири ин роҳ аз байни Тоҷикистон ва Афғонистон ихтилофи назарҳо низ мавҷуд буд.
Мақомоти Душанбе муътақиданд нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон ба ин кишвар бояд тариқи ноҳияи Шаҳритус бошад, ки масири он кутоҳтар ва камҳазинатар аст.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар сурати пазириши тарҳи ин кишвар, тули бахши афғонистонии ин роҳи оҳан 300 километр кутоҳтар хоҳад шуд.
Вазир аз бунёди роҳи оҳан ва пули нав байни Тоҷикистону Афғонистон гуфт
Вале мақомоти Афғонистон бар таъйини бандари Шерхон дар вилояти Қундузи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли роҳи оҳан дар марзи ду кишвар пофишорӣ мекунанд, ки тоҷикҳо саранҷом ин пешниҳодро пазируфтанд.
 
Лентаи хабарҳо
0