ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки феълан дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда 47 истгоҳи нави замонавӣ сохта мешаванд.
Ӯ аз ҷумла тавзеҳ дод, ки аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ дар ҳоли анҷомёбист. Бар асоси ин омор, хароҷоти миёнаи як истгоҳи сохташаванда дар пойтахт ҳудуди 280 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Истгоҳҳои 1 кӯчаю 1 хиёбони дигари Душанбе то охири сол нав мешаванд
“Сохтмони 47 истгоҳи нави замонавӣ, аз ҷумла аз ҷониби раёсати сохтмони асосӣ бунёди 25 истгоҳ ба маблағи 7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу пулҳои шаҳри Душанбе 22 истгоҳ ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд”, - изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истгоҳҳои муосир дар асоси лоиҳаи ҶДММ “ҶиЭм-Партнёр” дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯнамоии намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.