11:49 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2998 0 0

Дар рӯйхати кишварҳое, ки ширкати ҳавонавардии Русия ба онҳо парвози мустақим барқарор кард, танҳо як давлат аз Осиёи Марказӣ мавҷуд аст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" -и Русия эълом дошт, ки парвозҳои мунтазам бо чаҳор кишварро аз сар мегирад.

Ба рӯйхати ин кишварҳо танҳо як давлат аз Осиёи Марказӣ шомил шуд, ки он ҳам на Тоҷикистон, балки Қазоқистон мебошанд.

Ҳамакнун парвозҳои мунтазам миёни Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон барқарор шуданд.

Илова бар ин, аз Русия минбаъд ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Озарбойҷону Арманистон ва инчунин Ҳиндустон парвоз мекунанд.

Гуфта мешавад, парвозҳо танҳо ба пойтахтҳои ин се кишвар сурат мегиранд.

Зимнан, ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот" эълон намуд, ки парвозҳо самти Нур-Султони Қазоқистон, шаҳри Бишкеки Қирғизистон, шаҳри Қоҳираи Миср ва инчунин Мински Белорус низ афзоиш меёбанд.

Ёдовар мешавем, дар пойтахти Русия давоми ду рӯзи ахир сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати сохторҳои иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири иштирок дар ҷаласаи 17 - уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия озими Маскав шуда буданд.

Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон шуд

Интизор мерафт, ҷонибҳо масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русияро низ мавриди баррасӣ қарор медоданд.

Равобити ҳавои миёни ин ду кишвар ба далели авҷи маризии коронавирус баста шуд ва ҳоло шаҳрвандон танҳо тариқи парвозҳои чартерӣ сафар намуда, аз гаронии нархи чипта изҳори нигаронӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
барқарорсозӣ, парвоз, "Аэрофлот"

Мавзӯъҳои асосӣ