Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, Русия барои роҳандозии парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистон ягон шарт нагузоштааст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш ба суоли хабарнигорон дар бораи шарти Маскав барои роҳандозии парвозҳои мунтазам посух гуфт
"Барои барқарор кардани парвозҳо, Русия ба Тоҷикистон ягон шарт, аз ҷумла вуруд ба ИИАО-ро муқаррар накардааст",-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай қайд кард, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин Иттиҳодия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасист.
"Дар робита ба пайвастан ба ИИАО, мо то ҳол ин масъаларо меомӯзем ва мавқеи мо тағйир наёфтааст", - гуфт Муҳриддин.
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Тасмими Ҳукумати Русия баъди дархости Расулзода барои оғози парвозҳо
Дар бораи роҳандозии парвозҳо бо Русия субҳи имрӯз директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром низ гуфт, Тоҷикистон хело пештар қарор дода буд, ки парвозҳоро бо Маскав барқарор кунад.
Ӯ изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз мощщои июн қарор дода буд, ки метавонад парвозҳои муқаррариро бо Русия аз сар гирад.
"Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст.
Вай афзуд, ки  Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт  ва Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст.
"Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем", - мегӯяд Субҳонзода.
Ба қавли директори агентӣ, Тоҷикистон ба талаботҳои ҷониби Русия дар бораи вазъи эпидемиологӣ пурра ҷавобгӯ аст.
"Акнун қарори барқарор кардани парвозҳо танҳо аз Русия вобаста аст", - таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0