Маст бо "Лексус" нимашаб ду ҷавонро зер карда, фирор намуд

© МВД РТАрест водителя в нетрезвом виде
Арест водителя в нетрезвом виде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи маст бо мошинаш ду ҷавонро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Азизбек Ҷурабеков, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус", рақами қайди давлатиаш 9555 дар ҳолати мастӣ ду ҷавонро зер кардааст.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Садама дар Ваҳдату ноҳияи Турсунзода ду кушта бар ҷой гузошт
Манбаъ мегӯяд, Ҷурабеков сокини 29-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, шаби 8-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 01:00 дар ҳолати мастӣ бо мошинаш дар маркази ноҳия ҳаракат доштааст.
"Ӯ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон менамояд ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду нафар аз сокинони ноҳияи номбурда, Гулзода Музаффар ва Маҳсуддизода Бохтоварро, ки дар канори роҳ қарор доштанд, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ илова намуд, ки ронанда ба ҷабрдидаҳо кумаки аввалиндараҷа нарасонида, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи бадмаст аз ҷониби маъмурини милиса дастгир ва ба мақомот дастрас карда шуд.
Садамаи маргбори майор Султонов дар Варзоб: се ҷавон ҳалок шуданд
Ба иттилои ВУД, Ҷурабеков Азизбек иқрор шудааст, ки санаи мазкур дар ҳолати мастӣ қарор доштаву аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардонро пахш ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Феълан таҳқиқи қазия идома дорад.
Назари бевоситаи Ҷӯрабеков дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0