Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Иҷозати “Росавиатсия” барои парвозҳо ба 4 шаҳри Тоҷикистон: рӯйхати хатсайрҳо

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2021
Обуна шудан
“Росавиатсия” бо як фармон ба се ширкати Русия барои анҷоми парвозҳо ба шаҳрҳои Тоҷикистон иҷозат додааст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ожонси федералии нақлиёти ҳавоии Русия ё худ “Росавиатсия” бо як фармон феҳрасти ширкатҳоеро тасдиқ кардааст, ки иҷозатномаи парвоз ба Тоҷикистонро доранд.
Самолет авиакомпании Somon air. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Қазоқистон эълон шуд
Феҳрасти хатсайрҳо, теъдоди парвозҳо дар як ҳафта ва ширкатҳое, ки иҷозатномаи анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистонро гирифтаанд, дар сомонаи расмии “Росавиатсия” нашр шудаанд.
Бар асоси ин фармон, ширкатҳои ҳавоии Русия - "Уралские авиалиния", "Сибир" ва “Северний ветер” иҷозати парвозҳои мунтазам ба Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва собиқ Қӯрғон-теппа, феълан Бохтарро гирифтаанд.
Тибқи санади нашркардаи “Росавиатсия” парвозҳо ба шаҳрҳои мазкури Тоҷикистон метавонанд аз Новосибирск, Перм, Астрахан, Красноярск, Қазон, Калининград, Нижний Новгорода, Ростови лаби Дон, Минералних вод, Самара, Уфа, Маскав ва Кемерова анҷом дода шаванд.
Дар баробари ин ба бархе аз ширкатҳо, аз ҷумла "Азимут", "Алрос", "Ред вингс", "ЮТэйр" ва чандеи дигар иҷозати парвоз дода нашудааст. Дар хатсайрҳое, ки ин ширкатҳо хостаанд, ширкатҳои дорои иҷозатнома парвозҳоро анҷом хоҳанд дод.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2020
Субҳонзода: нақша аст, ки ҳафтае 6 парвоз байни Душанбе ва Париж анҷом шавад
Инчунин иҷозатномаи ширкати “Ямал”, барои анҷоми парвозҳо дар масири Симферопол – Душанбе ва Симферопол – Хуҷанд бозхонд карда шудааст.  
Ин иҷозатдиҳӣ ва бозхондҳо дар ҳолеянд,  ки дар ҷадвали парвозҳо хатсайрҳои номбаршуда ҳанӯз мавҷуд нестанд. Таъкид шудааст, ки иҷозатномаи “Росавиатсия” танҳо ҳуқуқи анҷоми парвозҳоро медиҳад, аммо онҳоро уҳдадор намесозад, ки дар ин масирҳо ҳатман парвоз анҷом диҳанд.
Расо як сол қабл парвозҳо миёни давлатҳо ба далели пандемияи коронавирус маҳдуд шуда буданд. Феълан мақомоти Тоҷикистону Русия масъалаи азсаргирии парвозҳои мунтазамро баррасӣ доранд. Интизор меравад, ки ин масъала баъди хулосаи як ҳайати Русия дар мавриди вазъи эпидемикӣ дар Тоҷикистон мушаххас хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0