Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Ним сол боз омодаем": истиқболи Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо бо Русия

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури УзбакистонЭмомалӣ Раҳмон в ҳайъати расмии Тоҷикистонро ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" ба Тошканд бурд
Эмомалӣ Раҳмон в ҳайъати расмии Тоҷикистонро ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр ба Тошканд бурд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Агентии авиатсияи гражданӣ Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо ба Русия истиқбол карда, умедвор аст, ки теъдоди онҳо бештар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Азиз Набизода, муовини директори Агентӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон аз сӯи Русия як иқдоми саривақтӣ ва воқеъбинона аст.
"Мо шаш моҳ пеш омода будем ва интизор доштем, ки кай Русия тасмими худро мегирад. Хушбахтона, ниҳоят чунин тасмим гирифта шуд. Ҳозир як парвоз дар як ҳафта фақат миёни Душанбе ва Маскав аст. Мо умедворем, ки дар оянда теъдоди онҳо бештар мешавад, чун хоҳишмандони рафтан ба Русия хеле зиёданд", - гуфт Азиз Набизода.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Русия парвозҳо бо Тоҷикистонро барқарор мекунад
Муовини директори Агентӣ инчунин илова кард, ки феълан нархи чипта номаълум аст.
Ситоди фаврии ҷилавгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" дар қаламрави Федератсияи Русия дирӯз, 25 март, эълон кард, ки ин кишвар аз 1 апрел ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро аз сар мегирад.
Қарори мазкурро сарвазири Русия Михаил Мишустин тасдиқ намудааст.
Ҳоло, парвозҳо ҳафтае як бор ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе ва баръакс парвоз хоҳанд кард.
Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи "вируси корона" дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То он замон парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар анҷом дода мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0