12:53 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15

Мавзӯҳо

  • Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
    Таҷдиди ахир: 15:16 17.04.2019
    15:16 17.04.2019

    Сафари расмии дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия

    Эмомалӣ Раҳмон 16 апрел бо сафари расмӣ вориди Русия шуд. Худи ҳамон рӯз, кишвардор бо раиси Думаи давлатии Русия - Вячеслав Володин, сарвазири кишвар Дмитрий Медведев ва намояндагони диаспораи тоҷикони Маскав мулоқт аст.

    Имрӯз мулоқоти сатҳи олии кишварҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар назар аст.

    Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

  • Эмомали Рахмон открыл школу
    Таҷдиди ахир: 17:30 15.03.2019
    17:30 15.03.2019

    Раҳмон: "норасоии ҷойҳои нишастро дар мактабҳои Душанбе аз байн мебарем"

    Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки мақсади аслӣ аз бунёди мактабҳои нав дар пойтахт аз байн бурдани норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад

    127
  • Вертолет Ми-8 в горах, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 11:40 13.08.2018
    11:40 13.08.2018

    Нишасти изтирории чархболи МИ-8 дар шарқи Тоҷикистон

     

     

    Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз нишасти изтирории чархболи МИ-8 дар шарқи Тоҷикистон хабар дод.

    Тибқи иттилои КҲФ, чархбол шоми 12-уми август ба куҳ бархӯрда, тамос бо он қатъ шудааст.
    Бар асоси иттилоияи қаблии КҲФ, садама 12 август соати 16:30, ҳангоми интиқоли 13 куҳнавард ба қароргоҳашон дар поёноби пиряхи Фортамбек рух додааст.

    Чархбол, ки ҳомили 3 халабону 13 куҳнавард будааст, нишасти изтирории сахт анҷом додааст. 

    Инчунин КҲФ шаби гузашта хабар дода буд, ки тақдири халабону куҳнавардон рӯшан нест, чун тамос бо чархбол қатъ шудааст.

    Бархе аз манобеъ мегӯянд, ин нишасти изтирорӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст, аммо мақомот ҳанӯз инро тасдиқ накардаанд. Миёни куҳнавардон шаҳрвандони собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Русияю Белорусия ва аврупоиҳо будаанд.

    Гуфта мешавад, садама дар ҳоле рух дод, ки куҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

    КҲФ Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки дар айни замон иртибот бо кӯҳнавардон дар Лахш барқарор шудааст.

    Тибқи иттилои дафтари матбуот КҲФ Тоҷикистон макони феълии онҳо дақиқ карда мешавад.

     

     

  • Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон
    Таҷдиди ахир: 13:55 11.08.2018
    13:55 11.08.2018

    Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол

    Сафари дарпешистодаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон дар торихи Узбакистону Тоҷикистон рамзӣ хоҳад шуд.

    Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-18 августи соли ҷорӣ ба Тошканд сафари расӣ анҷом медиҳад. Қарор аст, зимни сафар, чандин санади муҳиме, ки сатҳи ҳамкории ду кишварро боло мебарад.

    Тарафҳо зимни мулоқот масоили сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, соҳаи коммуникатсионӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин онҳо дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар хоҳанд кард.

    Рӯзи 17 август дар "Узэкспоцентр" намоиши маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. Инчунин дар ҳамон рӯз консерти ҳунармандони ду кишвар низ баргузор мешавад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард.

    Рӯзи шанбе Раҳмон ҳамроҳ бо раиси порлумони Узбакистон, Нуриддин Исмоилов ва нахуствазири Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот мекунад. Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Самарқанд сафар хоҳад кард.

    Ёдрас мешавем, ки ин аввалин сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд баъд аз 17 сол мебошад.

  • Велопробег, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 20:27 29.07.2018
    20:27 29.07.2018

    Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара

    29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

    Ба иттилои ВУД, ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

    Ахиран, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти 4 узви гуруҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дода буд.

    Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми пахш кардани гардишгарон ва куштори онҳо дар пайгард эълом шудаанд.

  • Иностранные рабочие возвращаются к работе после обеденного перерыва
    Таҷдиди ахир: 20:00 19.07.2018
    20:00 19.07.2018

    Диққат!: Приморие муҳоҷиронро ба кор даъват мекунад

    Дар чаҳор соли ахир дар Шарқи Дури Русия беш аз 90 ҳазор ҷойҳои кор ташкил карда мешавад. Интизор меравад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба ин минтақаи кишвар ба кор даъват карда шаванд

    307
  • Официальный талисман чемпионата мира по футболу 2018 и Кубка конфедераций FIFA 2017 волк Забивака, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 19:38 14.06.2018
    19:38 14.06.2018

    Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия

    Аз 14-уми июн дар Русия мусобиқоти Ҷоми футболи ҷаҳон-2018 оғоз шуд.

    Бозиҳои футбол ва рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт — Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Русия гузаронида мешавад.

     

  • Награды ветерана ВОВ, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 17:50 04.05.2018
    17:50 04.05.2018

    73-солагии Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон

    Cолҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

  • Визит Шавката Мирзиёева в Душанбе
    Таҷдиди ахир: 11:15 09.03.2018
    11:15 09.03.2018

    Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

    Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев да таърихи 9-10 марти соли 2018 аз Тоҷикистон боздид кард.

  • Портфель с документами, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 11:23 09.02.2018
    11:23 09.02.2018

    Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

    Вақтҳои охир раисҷумҳури кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти кишвар ҳамеша тағироти кадрӣ амалӣ менамояд, ин ин боиси паст шудани фасод аз як тараф ва гул-гулшукуфоии кишвар аз тарафи дигар мебошад. 

    Дар Тоҷикистон мақомдорҳои баланпоя бо амр ва фармонҳои кишвардор ба мансаб меоянд ва ё аз мансаб рондаю ба мансаби дигар гузаронида мешаванд.

    Бояд қайд кард, ки фисати зиёди мансабдорони баландмақом аз сабабҳои аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштанашон бо амру фармонҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон сабукдӯш шудаанд.

    Бо хабрҳои охир дар бораи тағйироти кадрӣ, махсусан бо имзои худи раисҷумҳурро  метавонед дар Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ намоед.

  • Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
    Таҷдиди ахир: 14:37 01.02.2018
    14:37 01.02.2018

    Сафари расмии Жээнбеков ба Тоҷикистон

    Сооронбой Жээнбеков имрӯз бомдод бо сафари расмии дурӯза Душанбе омад. 

    Дар ҷараёни ин сафар Сооронбой Жээнбеков бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ, масоили марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи "CASA-1000"-ро баррасӣ хоҳад кард.

  • Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
    Таҷдиди ахир: 14:30 18.01.2018
    14:30 18.01.2018

    Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

    Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

    Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

    Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

    Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

    Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

    Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

    19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

    6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

    6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

    6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

    6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардида то имрӯз роҳбарияти кишварро бар уҳда дорад.

    Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат" ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

    Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

    Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд - ду писар ва 7 духтар мебошад.

     

    Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

     

    Дар тӯли бист соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қарор дорад. Дар ин муддат асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардида якчанд маротиба иваз ҳам шудааст.

     

     

  • Таҷдиди ахир: 10:00 09.01.2018
    10:00 09.01.2018
  • Новогодние игрушки, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 12:45 15.12.2017
    12:45 15.12.2017

    Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон

    То фарорасии Соли нави мелодӣ рӯзҳои башумор боқӣ монд. Дар гӯшаю канори гуногуни Тоҷикистон арчаҳои солинавӣ оро дода шуда, мардум ба пешвози Соли нав омодагӣ мебинанд.

  • Визит президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Иорданию
    Таҷдиди ахир: 10:00 11.12.2017
    10:00 11.12.2017

    Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун

    Нахустин бор кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 декабр бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард. Дар ин сафар раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ ба Эмомалӣ Раҳмон калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карду раисҷумҳурро шаҳрванди фахрӣ эълом намуд.

  • Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в парке культуры и отдыха имени Садриддина Айни после реконструкции
    Таҷдиди ахир: 19:00 06.11.2017
    19:00 06.11.2017

    Эмомалӣ Раҳмон Боғи устод Айниро бозкушоӣ кард

    Боғи устод Айнӣ дар Рӯзи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозкушоӣ шуд

    159
    7
  • Полиция у ТЦ Москва, архивное фото
    Таҷдиди ахир: 15:25 21.09.2017
    15:25 21.09.2017

    Задухӯрди муҳоҷирон дар назди маркази савдои "Москва"

    Шоми 21 сентябр дар назди маркази савдои "Москва" миёни муҳоҷирон задухӯрд ба амал омад. Дар паи ин задухӯрд чанде аз муҳоҷирон бистарӣ шуданд. Ва чанде ҳам аз тарафи пулиси Маскав боздошт шуданд.

  • Памятник Исмоилу Сомони
    Таҷдиди ахир: 17:25 09.09.2017
    17:25 09.09.2017

    9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон

    Тоҷикистон истиқлолашро 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Кишвар ин рӯзро рӯзи муқаддас медонад. Ҳамасола ҷашни истиқлол дар ҷумҳурӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. 

    Имрӯз Тоҷикистон 26-солагии истиқлолашро истиқбол мекунад.

  • Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине
    Таҷдиди ахир: 14:30 04.09.2017
    14:30 04.09.2017

    Эмомалӣ Раҳмон дар Чин

    Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 август ба Чин сафар кард. Дар ин сафар раисҷумҳур бо кишвардори Чин ва якқатор соҳибкорону тоҷирон ва дигар кормандони олимартабаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти БРИКС ширкат хоҳад кард.

  • Спартакиада в честь алмазного юбилея
    Таҷдиди ахир: 11:00 26.08.2017
    11:00 26.08.2017

    Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд

    Аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд, Ҳафтаи фарҳангии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор шуд. Дар тӯли ин рӯзҳо фарҳангиёни Бадахшон ҳунари худро ба суғдиён намоиш дода бо мардуми ин сарзамин ошно шуданд.