13:40 21 августи 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Мавзӯъҳо
Мавзӯҳо

Фоҷеаи садама ва куштори гардишгарон дар Данғара

29 июли соли 2018, соати 15.30 дар ҷамоати Себистони Данғара, мошини "Леганза", ки ба Ҷаъфариддин Юсупов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дорад, 7 велосипедрони хориҷиро зер кардааст. Дар натиҷа 4 сайёҳ ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои ВУД, ронанда ва се ҳамроҳаш аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Дар пайи амалиёт муттаҳамон ва мошинашон дар деҳаи Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара пайдо карда шудаанд.

Ахиран, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва боздошти 4 узви гуруҳи муттаҳам дар марги 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара хабар дода буд.

Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми пахш кардани гардишгарон ва куштори онҳо дар пайгард эълом шудаанд.