Дар гӯристони мавсум ба "Хованское"-и пойтахти Русия 14 майи соли 2016 занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок кардаанд. Аснои амалиёти пулис беш аз 100 нафар дастгир гардиданд. Се шаҳрванди Тоҷикистон бар асари занозанӣ ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар баробари собиқ роҳбари қабристон Юрий Чабеув боз шаш гумонбари дигар аз ҷумла собиқ корманди пулиси шӯъбаи ноҳияи Хамовники Никита Мошенко низ то 14 август дар маҳбас хоҳанд монд.
Занозании оммавӣ дар гӯристони калонтарини Маскав рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваст. Дар он наздики 200 нафар иштирок карда, 112 нафарашон дастгир гардиданд.
Муфаттишон қазияи Хованскоеро ҳамчун куштори ду ва ё зиёда нафар бо маслиҳати пешакӣ дониста Юрий Чабуев ва ҳаммаслакашро дар ташкили он айбдор медонанд.
Муҳоҷирони тоҷикистониро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар задухурди гӯристони мавсум ба “Хованское” боздошт гардидаанд, акнун чанд вакили мудофеъ ҳимоя хоҳанд кард. Масрафоти молии ин парвандаҳоро пайвандони муҳоҷирини дастгиршуда ва шояд ҳам Сафорати ҶТ дар Маскав пардохт менамоянд.
Нисбати Ҷомӣ Чақалов, Шоҳимардон Аҳмадов, Раҳмиддин Садриддинов,Ҳоҷиқурбон Бӯриев ва Диловар Юнусов парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 362 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, бо сабаби риоя нагардидани қонунҳои муҳоҷиратӣ 36 миллион рубли русӣ ҷарима таъин карданд.
Гурӯҳи вижа ба назорати гирду атрофи қабристони “Хованское”-и Маскав ва умуман ҳамаи гӯристонҳои пойтахти Русия машғул шуда, фаъолияти муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ин минтақаҳо назорат мекунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо роҳбари ВКД-и ФР Владимир Колоколтсев дар Душанбе вохӯрд. Зимни вохӯрӣ Эмомали Раҳмон аз ҳодисаи охирин, ки бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав рух дод изҳори нигаронӣ кард.
Намояндаи кумитаи тафтишот дар парвандаи ҷиноии муноқишаи Хованское пайдо шудани нуқтаи нав "тамаъҷӯӣ"-ро аз эҳтимол дур намедонад.
Наздики 1,3 ҳазор муҳоҷир-шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамарӯза ғайриқонунӣ ба қабристони Хованское ба кор мебароянд. Дар Идораи марказии ВКД-и Маскав ин рақамро нодуруст арзёбӣ мекунанд.
Намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин қайд намуд, ки наворҳои дар телефонҳои мобилӣ сабт шуда ва аз тариқи камераҳои баҷоӣ гирифташуда барои тафтишот хеле муҳим аст.
Қазияи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди тафтиши вижа қарор дошта, омилҳои сар задани ҳодиса ва гунаҳкорон таҳқиқ мешаванд.
Додгоҳи Маскав ҳафт шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар муноқишаҳои қабристони Хованское иштирок доштанд аз Русия бароварда пеш кард.
Қаблан, муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба амният ва мубориза бар зидди коорупсия Дмитрий Горовсов изҳор дошт, ки дар қавонини муҳоҷирати меҳнатӣ нуқтаҳои нофаҳмо вуҷуд доранд ва барои аз байн бурдани онҳо бояд қонуни алоҳида қабул гардад.
Ҳукумати Тоҷикистон омодааст ба ҷабрдидагони муноқишаи Хованское ёрӣ расонад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи масъули Сафорати ҶТ дар Маскав Сарвар Бахтӣ иброз дошт.
Барои ба таври қомил ва воқеъбинона пеш бурдани корҳои тафтишотӣ вобаста ба ин қазия намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русияба гурӯҳи тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав шомил гардидааст.