3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург, дар роҳи миёни истгоҳҳои "Сенная плошад" ва "Технологический институт - 2" инфиҷор рух дод.
Бино бар охирин омор, дар ин инфиҷор 14 кас кушта ва беш аз 40 кас захмӣ шудааст.
Кумитаи бозҷӯии Русия ин инфиҷорро "амалиёти теруристӣ" хонда ва авомилу шароити онро бозҷӯӣ дорад.
Сарконсули Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қазияи боздошти шаш муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказиро пайгирӣ дорад то дониста шавад ки оё дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё на.
Бозҷӯён муайян кардаанд, ки ин боздоштшудагон аз моҳи ноябри соли 2015 то кунун чанде аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро барои судури амалиёти теруристӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои теруристии "Ҷабҳат ун-нусра" ва "Давлати исломӣ" ҷалб кардаанд
Волидони Акбарҷон Ҷалилов - теруристи эҳтимолӣ, ки муттаҳами аслӣ дар таркиши метрои Петербург дониста мешавад, ба Петербург омаданд
Кумитаи бозҷӯии Русия як ҷавони қирғизро омили инфиҷор дар истгоҳи метрои “Сенная” дар шаҳри Санкт-Петербург донист
Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон, ба сокинони шаҳри Санкт-Петербург ва тамоми Русия дар бастагӣ бо инфиҷор дар метрои он шаҳр ҳамдардӣ баён кард. Вай дар изҳороти худ мардумони Тоҷикистон ва Русияро муттаҳидоне номид, ки тавонистаанд бар фашизм пирӯз шаванд ва умедвор шуда ки бар терроризм низ чира хоҳанд шуд
Вазири умури изтирории Русия Владимир Пучков таъйид кард, ки дар миёни қурбониёни инфиҷори дирӯза дар метро се шаҳрванди хориҷӣ низ ҳаст
Намояндаи Сарконсулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Санкт-Петербург эълом кард, ки дар инфиҷор дар метрои ин шаҳр ҳеч шаҳрванди Тоҷикистон куштаву захмӣ нашудааст
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров баёноти бархе аз расонаҳоро ки инфиҷор дар метрои Санкт-Петербургро пайомади сиёсати Русия дар Сурия донистаанд, бадбинона ва нописанд хонд
Шаҳрдори Санкт-Петербург мегӯяд ки дар таркиши метрои Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон низ кушта шудааст
Бар пояи охирин омор, дар инфиҷоре, ки дирӯз, 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург рух дод, 14 кас кушта ва беш аз 40 кас захмӣ шудааст. Кумитаи бозҷӯии Русия ин инфиҷорро "амалиёти теруристӣ" дониста ва авомилу шароити онро бозҷӯӣ дорад
Дар конуни инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург ҷасади як муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ёфт шуд ки гумон меравад вагонро тарконда бошад. Вале ҳануз далеле дар даст нест ки собит кунад ӯ "теруристи интиҳорӣ" будааст
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин номаи таслият ирсол кард
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ наворҳое аз маҳалли инфиҷор мунташир шудаанд, ки шоҳидон ба навор гирифтаанд
Дар инфиҷоре ки имрӯз дар метрои шаҳр рух дод, камубеш даҳ кас ҷон бохтаанд