21:35 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Мавзӯъҳо
Мавзӯҳо

Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон

Наврӯз - ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадиди кишоварзӣ дар халқҳои эронитабор ва бархе аз қавмҳои турктабори Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Хурд, Эрон ва ҳамчунин миёни бошқирдҳо ва тоторҳо мебошад.

Наврӯз дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) "рӯзи нав" аст. Аз он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз - 21 март таҷлил мешавад. Наврӯз нишони бедории табиат ва инсон, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав аст.    

Пайдоиши Наврӯз
Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ "Осор-ул-боқия" аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст" ва дар китобаш "Ал-тафҳим" менигорад ки "нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст".

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби "Ал-тафҳим" овардааст, ки

"Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд"

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайхон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Таърихи пайдоиши маросими Наврӯз
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ "Осор-ул-боқия" аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст".

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
                           Абулқосим Фирдавсӣ
Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд.

Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд.

Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

"Ҳафтсин", "ҳафтшин" ва сумалак хони наврӯзӣ мебошанд
"Ҳафтсин" хони наврӯзист, ки дар ҷашни наврӯзӣ бо маводи гуногун, аз ҷумла бо 7 намуд чизе, ки бо ҳарфи форсии "Син" шурӯъ мешаванд, оро ва зеби зиннат дода хоҳанд шуд: синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко.

Ба ҷуз маводи мазкур рӯи сурфаи наврӯзӣ зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъдон, хушкбору тарбор, ширинӣ, тухми мурғ ва дигар хӯроку ғизоҳои лазиз гузошта мешуданд. Албатта, дар аҳди қадим гузинаҳои (вариантҳои) дигари ҳафтсин ба мисли "ҳафтшин" ва "ҳафтмим" вуҷуд доштанд. Масалан, гузоштани "ҳафтшин"-ро ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон,
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

Ба ақидаи дигар, дар баробари дастархони “ҳафтсин” омода намудани дастархони “ҳафтшин” низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб.

Ҳамин тариқ, баъзан вақт то субҳи содиқ маросими суманакпазӣ идома меёбад ва ин одати ориёӣ асрҳои аср идома ёфта, то замони мо расидааст.

Маросими дигаре, ки дар иди Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, “хонатаконӣ” ном дорад ва яке аз ҷузъҳои муҳиму ҳатмии ин ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Ин одат чунин аст, ки дар арафаи ид тамоми ҷиҳохи хона шуставу пок карда карда шуда, ашёи кӯҳнаю фарсуда аз хона берун карда мешавад, дару девори хонаҳо тармиму рангубор карда шуда, ба қадри имкон асбоби рӯзгор бо намунаҳои нав иваз карда мешаванд, дар хона гулу хушбӯиҳо гузошта мешаванд, пардаи тирезаҳо ва тамоми ашёи матоъгин шустаю дарзмол ва ба тартиб дароварда мешаванд.

Ҳар касе ба андозаи имконоти худ меваю сабзавот, қанду қурсу ширинӣ, мағзу мавиз, шарбату хуришҳои гуногун харидорӣ менамояд ва дар ҳар хонадон дастархони идона ороста мешавад.

Бояд қайд кард, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешавад. 21 март-24 март - дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.