Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд ба кори худ оғоз кард. Дар доираи он сарони кишварҳои аъзои СҲШ хатарҳои муосир ва таҳдидҳои ҷаҳони иқтисодро баррасӣ мекунанд.
Намояндаи махсуси президенти Русия оид ба масъалаҳои СҲШ изҳор дошт, ки ин аризаи дуюм барои воридшавӣ ба узвияти СҲШ буда, дар баробари дигар аризаҳо баррасӣ хоҳад шуд.
Ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд баргузор гардид. Дар доираи ҷаласа созишномаҳои ворид гардидани боз ду кишвари дигар Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ ба имзо расид. Дар Британия Кабир бошад, қисми зиёди аҳолӣ зидди узвият ба Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.
Кишварҳои аъзои СҲШ ҳамкориро бо аъзоҳои нав аз зинаи “муколама” шурӯъ мекунанд. Дар баробари ин ворид шудани Эрон ба узвияти СҲШ баррасӣ хоҳад шуд.
Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари Афғонистон масъалаи мубориза бар зидди терроризм,экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро баррасӣ намуд.
Ҳамроҳи президенти кишвар вазири вазорати корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ба Узбакистон раҳсипор гардиданд.
Баргузории ҷаласа 23-юми июн дар доираи ҳамоиши солгардии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар назар аст. Дар вохӯрӣ намояндагони доираҳои тиҷоратии Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон масъалаҳои рушди соҳаро баррасӣ хоҳанд кард.
Омодагӣ ба вохӯрии сарони кишварҳои аъзои СҲШ зимни гуфтугӯи муовини вазири Вазорати Корҳои Хориҷии ФР Игор Моргулов ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов баррасӣ гардид.
Баррасии чорабиниҳои омодагӣ ба омӯзишҳои зиддитеррористии муштараки “Миссияи сулҳ-2016”, ки дар Қирғизистон гузаронида мешавад, мавзӯъи алоҳидаи ҷаласа хоҳад буд.
Аллакай вазирони мудофиаи мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба пойтахти Қазоқистон ҳозир шуданд. Мавзӯъи асосии ҷаласа алҳол маълум нест.
Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти дастгирии СММ барои ҳалли масъалаи Афғонистон ҳамагуна кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, изҳор дошт котиби генералии СҲШ Рашид Олимов.
Наҷотдиҳандагон ва намояндагони ҳолатҳои фавқуллода оид ба наҷотдиҳии мардум дар ҳолатҳои фавқуллода омӯзишҳо гузаронида мешаванд. Ин омӯзишҳо то оғози ҷаласаи СҲШ идома ёфта, маълумоти пурра дар бораи онҳо дода намешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд намуд, ки масъалаҳои терроризм, экстремизми байналмиллалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории ҳамоҳанги чанд кишварро талаб мекунад.