20:30 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Мавзӯъҳо
Амният

Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст

Дар ҳамойиши навбатии Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе масоили марбут ба ҳамкориҳо баррасӣ гардида, роҳбарони мақомоти дипломатӣ хостори таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шуданд.  

  • Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе 2 апрели соли 2015
    Таҷдиди ахир: 11:55 02.04.2015
    11:55 02.04.2015

    Раҳмон таваҷҷӯҳи роҳбарони ВКХ СПАД-ро ба ифротгароӣ ҷалб кард

    Райисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷӯҳи вазирони умури хориҷаи давлатҳои узви СПАД-ро ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ифротгароӣ, инчунин пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасон ҷалб кард.

    9
  • Таҷдиди ахир: 10:33 02.04.2015
    10:33 02.04.2015

    Нишасти Шӯрои вазирони хориҷии СПАД дар Душанбе оғоз шуд

    Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Cозмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Душанбе идома дорад, аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

    14
  • Таҷдиди ахир: 10:05 02.04.2015
    10:05 02.04.2015

    Вазирони хориҷии кишварҳои аъзои СПАД ба Душанбе омаданд

    Шаш нафар аз сарони вазоратхонаҳои хориҷии кишварҳои аъзои СПАД – Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – равишҳои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо ба амнияти миллии кишварҳои аъзои созмонро баррасӣ мекунанд.

    16
  • Таҷдиди ахир: 17:51 01.04.2015
    17:51 01.04.2015

    Вазири умури хориҷаи Русия ба Душанбе меояд

    Вазирон ҳамчунин дар масоили асосии байналхалқӣ табодули андеша хоҳанд кард ва таъсири таҳдидҳои террористии Ховари Миёна ва Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

    10