12:30 20 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Мавзӯъҳо
Мавзӯҳо

Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол

Сафари дарпешистодаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон дар торихи Узбакистону Тоҷикистон рамзӣ хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17-18 августи соли ҷорӣ ба Тошканд сафари расӣ анҷом медиҳад. Қарор аст, зимни сафар, чандин санади муҳиме, ки сатҳи ҳамкории ду кишварро боло мебарад.

Тарафҳо зимни мулоқот масоили сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, соҳаи коммуникатсионӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин онҳо дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар хоҳанд кард.

Рӯзи 17 август дар "Узэкспоцентр" намоиши маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. Инчунин дар ҳамон рӯз консерти ҳунармандони ду кишвар низ баргузор мешавад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард.

Рӯзи шанбе Раҳмон ҳамроҳ бо раиси порлумони Узбакистон, Нуриддин Исмоилов ва нахуствазири Узбакистон Абдулло Арипов мулоқот мекунад. Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Самарқанд сафар хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки ин аввалин сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд баъд аз 17 сол мебошад.