10:11 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Собиқадорони ҶБВ. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 849 собиқадори ҶБВ зинда мондаанд

© Sputnik Амир Исаев
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Аз авоили соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 77 собиқадори Ҷанги Бузурги ватанӣ фавтидаанд, вале куҳансолтарин собиқадор, ки ахиран ҷашни 115 солагиашро баргузор кард, дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Феълан дар Тоҷикистон 849 собиқадори Ҷанги Бузурги ватанӣ зинда мондаанд, хабар додааст ба Радиои Озодӣ раҳбари Ҷамъияти собиқадорони ҷанг ва меҳнат Раҳматулло Қудратов.

"Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 77 нафар собиқадорон фавтиданд, дар авоили сол 926 нафар собиқадорон буданд", — гуфтааст вай ба расона.

Тибқи иттилоъи мухталиф, ҳудуди 300 ҳазор нафар тоҷикистониён дар солҳои 1941-1945 ба ҷабҳа рафтаанд. Он замон аҳолии Тоҷикистон 1,25 миллион нафар буд.

Ҳудуди 100 ҳазор нафар аз онҳо дар набардҳо фавтидаанд. 55 ҳазор нафар сарбозон бо ордену нишонҳо сарфароз шуда 54 нафар шоистаи нишони олӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.

Куҳансолтарин собиқадори ҷанг аз Тоҷикистон Додарҷон Умарови 115 сола мебошад, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад.

Мавзуъ

Дар Ӯзбекистон лавҳаи хотиравии кушташудагон дар ҶБВ тахриб шуд
Барчаспҳо:
омори собиқадорони ҶБВ, Ҷамъияти собиқадорони ҷанг ва меҳнат, Додарҷон Умаров, Раҳматулло Қудратов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ