01:42 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
75-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад. Қабл аз ҷанг ҳама дар фикри таҳсили дониш ва такмили маориф буданд.

"Рӯзи якӯм

20 май офтоб аз уфуқ бо оҳистагӣ баланд шуда, сояи дарахтони саҳни мактаб торафт кӯтоҳ мешаванд.

Соат қариб 8. Саҳни мактаби миёнаи № 3 ба номи Киров (шаҳри Сталинобод) аз писарон ва духтарон пур шудан гирифт. Онҳо дар тан либосҳои тоза ва дар даст гулдаста тӯда-тӯда шуда, дар бораи кадом як воқеъаи ғалатӣ, санҷиши дар пеш истодагӣ ва орзӯи худ чақ-чақ мекунанд. Ва гоҳ-гоҳ бо тамоми овоз қаҳ-қаҳ мезананд.

— Эй Таня, ман чунин тарсида истодаам — ки!… Ту чӣ?

— Эй азизам, ҳеч натарс, дилам чунон тапида истодааст, ки ҳеч мондангир! Охир дар ҳаёт чи воқеаҳо рӯй медиҳанд. Мабодо мову ту ки дар тамоми сол ба таври аъло мехонем, имрӯз — рӯзи охирини соли хониш якбора пас фаромада монем. Ҳаминтавр не, Николай?

Николай ки вай ҳам аз ҷумлаи ҳамин 83 нафар тамомкунандагони мактаб буда ва орзӯи лётчик шудан дорад, бо боварии комил гуфт:

— Ин нахоҳад шуд. Агар таҳкурсӣ маҳкам бошад, ҳеҷ воуқеаи пастравӣ рӯй намедиҳад. Аммо телба шудан даркор нест.

— Дуруст мегӯӣ, Николай. Ана ҳаминтавр мекунем.

Соат 8. Занг ҳам зада шуд. Дари мактаб кушода шуда, ҳамаи онҳоро ба оғӯши худ гирифт. Онҳо гулдастаҳояшонро ба муаллимон ва муаллимагони меҳрубони худ ки барои тарбия кардани онҳо ҳеч чизро дареғ надоштаанд, тақдим карда, ба синфҳои худ ҷобаҷо шуданд.

Синфҳо тоза буда, дар болои тамоми столҳо барои ҳар кас алоҳида коғаз, қалам ва сиёҳӣ гузошта шудаанд.

Дар синф хомӯшӣ. Фақат аз тирезаҳои кушода боди баҳор мевазад. Шохи дарахтони либоси кабуд пӯшидагӣ гӯё дам бадам аз тиреза нигоҳ мекунад.

Вале ин диққати онҳоро ба худ намекашад. Онҳо дар кори ҷиддии худ. Дар бораи ҳар як савол аз ҷоҳои дур фикр карда, он чизҳое ки дар ин муддат хондаанд, аз дил мегузаронанд.

Меҳнати дурударози коллективии муаллимон ва хонандагони мактаб беҳуда нарафт. Аз 600 нафар хонандагони ба санҷиши тафтиши рӯзи якум иштирок кардагӣ аксарияти онҳо баҳои аъло ва хуб гирифтанд ки дар байни онҳо аълочиён — тамомкунандагони мактаб рафиқон Полчиева, Расохина, Патишев ки то сар шудани санҷиш бесабрӣ мекарданд, низ ҳастанд.

Хонандагони синфҳои 10 "А" (роҳбари синф рафиқ Промтов), 8 "А" (роҳбари синф рафиқ Тюкова), 6 "Ц" (роҳбари синф рафиқ Байкова), 5 "К" ва 1 "В" рӯзи санҷишро бо сад протсент азхудкунии дарсҳо пешвоз гирифтанд.

Дар соҳаи тайёрӣ ба санҷиши тафтишӣ аз муаллимони аълочӣ Двортский, Байкова, Богамолов, Бранская, Кабелакина корҳои калоне карданд."

Муаллиф Худойбердиев

("Комсомоли Тоҷикистон". 23 майи соли 1941)

Барчаспҳо:
хонандагон, мактаби русӣ, 83 хатмкунанда, баҳор, қабл аз ҷанг, дониш, хатм, имтиҳон, Мактаби миёнаи №3-и Сталинобод, Сталинобод

Мавзӯъҳои асосӣ