03:04 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Саҳифа аз нашрияи Коммунист Таджикистана

Саҳифагардонӣ: тақдими соати тиллоӣ барои мубориза бо фашизм

© Sputnik
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Ба фонди мудофиа

Коллективи коркунони Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон қарор кард ки ба фонди мудофие то тамом шудани ҷанг ҳар моҳ музди кори як рӯзаашон дода шавад. Аллакай бисёр коркунон ба фонди мудофиа даҳҳо ҳазор облигатсияҳои заёмашонро доданд. Яке аз коркунзан рафиқ Гунвлӣ В. С. ки бинобар сиҳат набуданаш дар маҷлис омада натавониста буд, ба воситаи матубаш хоҳиш кард ки барои ба фонди мудофиа додан 4115 сӯм облигатсияи заём ва 150 сӯм пули нақдашро қабул кунанд.

Бухгалтери калони контораи траспортӣ-сохтмонии савдои саноати шаҳрӣ рафиқ Лушников ба фонди мудофиа соати мардонаи тиллогиашро дод. Гражданка рафиқ Нодимаду шоҳнаки тиллогин дод.

Пионерка Ляля Лериская пулҳои зиёдатии худро дар копелник нигоҳ медошт. Вай копелникашро шикаста, 25 сӯм пули дар копелник ҷамъ кардаашро ба фонди мудофиа дод. Аз Ляля Лериская ибрат гирифта, Алочка Серколиноваи чорсола, Саша Овсянникови шашсола ва Грамова ҳам ба фонди мудофиа 125 сӯмӣ заём доданд.

("Комсомоли Тоҷикистон", июли соли 1941)

 

Комсомоли Тоҷикистон, июли соли 1941
Sputnik
"Комсомоли Тоҷикистон", июли соли 1941

Кружоки омӯзиши ҳарбӣ сар шуд

Қалъаилабиоб. Дар байни даъват шавандагони солҳои 1920-21 ва 22 (совети қишлоқи Қанишбек) аз 1-уми сентябри соли 1941 ҳозир кружоки омӯхтани корҳои мудофиавӣ давом дорад. Дар байни даъватшавандагон ҳар рӯз 3 соат дарси омӯзиши қисмҳои винтовка, противогаз ва физкултури давом мекунад.

Дар аввалҳои моҳи июли соли ҷорӣ тамоми даъват шавандагон барои гирифтани значокҳои ПВХО, ГСО ва тирандозии Ворошилови норма дода соҳиби значокҳои мудофиавӣ шуданд.

Шоев М. ("Болшевики Ғарм" сентябри соли 1941)

 

Барои мудофиаи ватан меравам

Ман бо духтарони хушбахти ватан дар соли 1939 аз рӯи истеъдоднокии худам ба намоиши умумисоюзии физкултурчиёни дар Москваи сурх иштирок карда будам.

Аз рӯзе ки узви комсомоли Ленинӣ-Сталинӣ шудаам ба тайёрии физкултурӣ бо хубӣ иштирок карда истодаам.

Моро комсомоли Ленинӣ-Сталинӣ аз ҷиҳати политикӣ ва физкултурӣ бисёрҳо тарбия карда истодааст. Ман иқтидори ҷанговарона ва ба фронт барзидди душман мубориза бурданро дорам.

Барои уҳдадории худро дар пеши ватан чун гражданкаи бо виҷдони союзи советӣ иҷро намудан ба партия ва ҳукумат, ба комсомоли Ленинӣ-Сталинӣ қасам ёд мекунам, ки ман барои ба мубориза барзидди душман рафтан тайёр ҳастам. Шавҳари ман имрӯз дар сафи Армияи сурх тарбия ёфта истодааст. Ман ҳам барзидди душман мубориза мебарам.

Дар фронт ҳам мубориз ва ҳамшираи медисинӣ шуда хизмат мекунам. То дар тан ҷон доштанам бар зидди душман барои ватани сотсиалистиамон, барои Сталани кабир ва ватанамон союзи советӣ, мубориза мебарам.

(Калонова Хосиятҷон, "Болшевики Ғарм", июли соли 1941)

Болшевики Ғарм, июли соли 1941
"Болшевики Ғарм", июли соли 1941
Барчаспҳо:
ҳамшираи шафқат, даъват, иштирок, фашизм, мубориза, ҳадя, сӯм, заём, ақибгоҳ, ҷанг, ҶБВ, Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон, "Болшевики Ғарм", "Комсомоли Тоҷикистон", Ғарм, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ