13:09 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Пули Сирдарё. Акс аз бойгонӣ

Дар Хуҷанд мактаберо бо исми куҳансарбози ҶБВ номгузорӣ карданд

© Sputnik / Борис Ушмайкин
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Барои гиромидошти омӯзгор Зайниддин Осимов, ки дар набардҳо бо олмониҳои ғасбгар ҷон бохт, ҳамшаҳриёни сипосгузор дар мактаб лавҳаи хотиравӣ насб карданд.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Рӯзи чаҳоршанбе ба мактаби шумораи 2 шаҳри Хуҷанд исми куҳансарбози ҶБВ Зайниддин Осимовро номгузорӣ карданд, хабар медиҳад маркази матбуъотии шаҳрдорӣ.

Дар ин мактаб ҳамчунин лавҳаи хотиравӣ дар бораи Осимов насб карда шуд. Ин маросим бо ширкати раиси шаҳс Раҷаббой Аҳмадзода, пайвандони куҳансарбоз, хонандагон ва раҳбарияти мактаб баргузор шуд.

Осимов хатмкардаи донишкадаи омӯзгории Ленинобод мебошад ва баъд аз хатми он дар ин донишкада кор кардааст. Вақте ҷанг оғоз шуд, вай дар қатори нахустини хуҷандиён ба набард рафт. Соли 1944 хабари фавти вай дар набардҳо расид.

Мавзуъ

Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ аз Тоҷикистон
Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 849 собиқадори ҶБВ зинда мондаанд
Барчаспҳо:
номгузорӣ, мактаби рақами 2, шаҳрдорӣ, Зайниддин Осимов, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ