20:47 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Абдулло Ҳабибов, ҳаммуаллифи китоби Сарбозони пирӯзӣ

Ҳабибов: дар ҳамоиши Теҳрон Сталинро тоҷикистониҳо ҳамроҳӣ мекарданд

© Sputnik Фируз Умарзода
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ҳамоиши Теҳрон, ки соли 1943 дар Эрон баргузор шуд, нахустин дидори раҳбарони кишварҳои эътилофи зидди Олмон буд – Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт ва Уинстон Черчилл.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Тоҷикистониён дар куллия набардҳои ҶБВ ширкат кардаанд ва ҳатто дар таъмини амнияти ҳамоиши теҳронии "сегонаи бузург" дар соли 1943 мушорикат кардаанд, зикр карданд муаллифони китоби "Сарбозони пирӯзӣ", ки рӯзи панҷшанбе дар Душанбе муъаррифӣ шуд.

Дар китобе, ки дар остонаи таҷлил аз 70-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мунташир шуд, куҳансарбозони тоҷик аз набардҳои худ ёдоварӣ карда ва асноди бойгонӣ ҷузъиёти тозаи муборизаи тоҷикистониҳо бо Олмони нозиро мушшахас мекунанд.

"Тоҷикистониҳо дар куллияи набардҳо ширкат кардаанд, — гуфт яке аз муаллифони китоб Абдулло Ҳабибов. — Ҳам дар ҷанг алайҳи Финляндия ва ҳам дар озодсозии Ленингради муҳосирашуда ва Москав, дар набарди Сталинград, дар тири Курск, Лаҳистон, Чехословакия, Маҷористонро озод карда то ба Берлин расидаанд".

"Ва ҳатто мавриде ошкор шуд, ки ду нафар аз қаҳрамонони мо дар таъмини амнияти ҳамоиши теҳронии раҳбарони кишварҳои узви эътилофи мушорикат кардаанд, — зикр кард Ҳабибов. — Ба ин далел китоби мо бахусус барои ҷавонон муфид хоҳад буд, то онҳо бо ифтихор тавонанд бигӯянд, ки бобоёни онҳо дар озодии инсоният аз фашизм мушорикат кардаанд".

Ҳамоиши соли 1943 Теҳрон — нахустин дидори раҳбарони се кишвари аслии эътилофи зиддиолмонӣ буд — Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт (ИМА) ва Уинстон Черчилл (Бритониё). Шарикон дар бораи амалиёти муштарак алайҳи Олмон тавофуқ карда дар бораи ифтитоҳи набарди дуввум дар Фаронса тасмим гирифтанд.

"Саҳми аслиро Иттиҳоди Шӯравӣ бар дӯши худ гирифт, ин амрро қаҳрамонони китоби мо таъйид мекунанд, ки ҳар яке дар ин ё он набард ширкат кардааст. Ин набардҳои бузург буданд, ки сутунмӯҳраи фашизмро шикастанд. Чунин саҳми бузург дар ин ҷангро ба ҷуз аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ кишваре надошт", — гуфт Ҳабибов дар робита ба ин нукта, ки сокинони кишварҳои ғарбӣ ва сокинонаш бар ин назаранд, ки ИМА ва шариконаш дар ин ҷанг пирӯз шудаанд.

Дар китоби "Сарбозони пирӯзӣ" бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қиссаҳои 92 куҳансарбози ҶБВ, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, ҷамъоварӣ шудааст. Муаллифони китоб Абдулло Ҳабибов ва Раҷаб Мирзо мебошанд.

Мавзуъ

Дар Хуҷанд мактаберо бо исми куҳансарбози ҶБВ номгузорӣ карданд
Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад
Ҷобаҷогузорӣ ва тавозуни неруҳо дар ҶБВ
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 849 собиқадори ҶБВ зинда мондаанд
Барчаспҳо:
муъаррифии китоби "Сарбозони пирӯзӣ", Раҷаби Мирзо, Абдулло Ҳабибов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ