06:53 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гулгузорӣ дар Боғи Ғалаба 8 майи соли 2015

Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Иди Ғалаба гуфтааст, дар Тоҷикистон кам хонадоне ҳаст, ки аъзои он дар ҶБВ ширкат накарда бошад.

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар маросими таҷлил аз Иди Ғалаба дар Душанбе субҳи 8 май президент Эмомалӣ Раҳмон Ҷанги бузурги Ватаниро аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо хонд, менависад сомонаи расмии раисҷумҳур.

"Оқибати даҳшатбори он ҷанг то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос мешавад", — афзудааст президент.

Вай афзуд, аҳамияту арзиши ин сана бо гузашти солҳо ва махсусан вобаста ба густариши нооромиву бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни олам дар ҳоли афзоиш аст.

"Бахусус дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад", — гуфтааст Э. Раҳмон.

Раисиҷумҳур дар идома аз корнамоиҳои тоҷикон дар ин ҷанг ёдоварӣ карда ва гуфтааст, 92 ҳазор аз фиристодаҳои Тоҷикистон дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд.

"Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд", — афзуд вай.

Эмомалӣ Раҳмон илова кард, дар Тоҷикистон кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, ки доғи ин ҷангро дар пайкари худ эҳсос накарда бошад.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки ба муносибати ҳафтодсолагии ҷашни Ғалаба дар "Боғи Ғалаба"-и шаҳри Душанбе паради низомӣ низ баргузор шуд ва дар он беш аз 2 ҳазор ҳарбиёни тоҷику рус ширкат кардаанд.

Ҳоло як ротаи Вазорати дифои Тоҷикистон иборат аз 100 нафар таҳти раҳбарии Илҳом Махсумов, афсари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Маскав қарор доранд ва дар паради низомӣ ба таърихи 9 май дар майдони назди Кремли Маскав ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ, ин рота ҳанӯз дар таърихи 25 апрел ба шаҳри Маскав сафар карда буд ва имрӯзҳо дар машқҳои омодагӣ ба паради низомӣ иштирок доранд.

Дар ҷанги Шӯравӣ алайҳи Олмони нозӣ ё фашистӣ дар солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон низ иштирок кардаанд, ки аз ин ҳисоб 92 ҳазор ҳалок гардидаанд. Дар ин миён зиёда аз 50 ҳазор ордену медалҳои ҷангӣ гирифтаанд ва танҳо 65 нафар, ки дар миёни онҳо ҳам аксар русҳои сокинони Тоҷикистон буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуданд.

Барчаспҳо:
70-солагии Пирӯзӣ, парад, ширкат, гулгузорӣ, Иди Ғалаба, боғи Ғалаба, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ