14:18 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Куҳансарбози Ҷанги Бузурги ватанӣ

Бо чӣ имтиёзоте Ватан куҳансарбозони худро тақдир мекунад?

© Sputnik / Александр Кондратюк
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Тибқи қавонин куллияи куҳансарбозони ҶБВ аз имтиёзот бархурдоранд ва метавонанд ба кӯмакҳову изофапулӣ ба ҳуқуқи бознишастагӣ умедо дошта бошанд, але дар асл на ҳама метевонанд ба ин имтиёзот даст дошта бошанд...

Дар Тоҷикистон тибқи омори авоили моҳи апрел ҳамагӣ 810 куҳансарбози Ҷанги Бузурги ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Дар матлаби Sputnik бихонед, ки онҳо чӣ гуна зиндагӣ доранду аз кадом имтиёзот бархурдоранд ва чӣ гуна кишвар аз онҳо барои Пирӯзии бузург қадр мекунад.

Тибқи қонун

Тибқи қонуни ҶТ "Дар бораи куҳансарбозон" (соли 1995) ширкаткунандагони Ҷанги Бузурги ватанӣ аз имтиёзоти зиёде бархурдоранд, вале ба гуфтаи муъовини раиси Шӯрои куҳансарбозони ҶТ Валӣ Саёрабеков, қонун комилан иҷро намешавад.

"Ба унвони мисол, куҳансарбозони ҷанг дар Тоҷикистон аз пардохти ҳама анвои молиёт ва хадамоти шаҳрӣ, ба ҷуз аз қиммати нерӯи барқ ва газ озод шудаанд. Барои пардохти қиммати нерӯи барқ ва газ ба ҳуқуқи бознишастагии онҳо ҳар моҳ 15 сомонӣ изофа карда мешавад, — гуфт Саёрабеков.

Вале, ба гуфтаи вай, агар ин куҳансарбозон ба унвони камбизоъатон номнавис шуда бошанд, ба онҳо маблағи умумии қиммати нерӯи барқ ва газ ҷуброн карда мешавад. Яъне, давлат маблағи дар санади пардохт зикр шударо комилан пардохт мекунад.

Мизони ҳуқуқи бознишастагии куҳансарбозон, ки дар гузашта коргари оддӣ буданд, 600 сомонӣ мебошад. Ба ин маблағ ҳар моҳ аз номи раиси ҷумҳур 100 сомонӣ изофа мешавад ва шаҳрдорӣ низ 700 сомонӣ изофа мекунад.

"Дар маҷмӯъ, куҳансарбозони сокини пойтах ҳади аққал 1400 сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ дар як моҳ дарёфт мекунанд, аммо онҳое, ки аз ҳаққи куҳансарбози низомӣ бархурдоранд, моҳиёна беш аз ду ҳазор сомонӣ мегиранд", — зикр кард намояндаи Шӯрои куҳансарбозон.

Куҳансарбозоне, ки берун аз пойтахт зиндагӣ мекунанд, ҳудуди 700 сомонӣ ва ё каме бештар ҳуқуқ дарёфт кунанд, агар мақомоти маҳаллӣ изофапулиҳое ба ҳуқуқи онҳо ҷамъ карда бошанд.

Кӯмаки мақомот ва тоҷирон

Раҳмат Қудратов — раиси Шӯрои куҳансарбозон ба Sputnik гуфт, ки ҳамасола дар остонаи ҷашнҳо ба куҳансарбозон кӯмакҳои пулӣ ва ғизоӣ ироъа мешаванд.

"Ҳамин ҳоло аз мо барои дафтари раёсати ҷумҳурӣ феҳрасти куҳансарбозонро дархост карданд. Тибқи ҳисоби ман ҳудуди 900 нафар мешаванд, — гуфт Қудратов ба Sputnik дар авоили моҳи март. — Интизор меравад, ки раиси ҷумҳур ба онҳо 1000 сомонӣ медиҳад".

Ба гуфтаи вай, мақомоти маҳаллӣ ва тоҷирон бо дархости ниҳодҳои маҳаллии куҳансарбозон ба ширкаткунандагони ҷанг кӯмакҳои молӣ мекунанд.

"Ду сол қабл дар ноҳияи Рӯдакӣ тоҷири яке аз ҷамоъатҳо ба ҳамаи куҳансарбозон 60 тонна ордро тақсим кард. 60 тонна орд ин кӯмакест дар сатҳи ҳукуматӣ. Соли гузашта вақте ман аз бора дар Москав гуфтам, ҳама ба ваҷҳ омаданд", — ёдовар мешавад раис.

Гузари низомӣ дар Майдони сурх дар Москав 7 ноябри соли 1941. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Александр Устинов

"Шукри худо, зиндагиамон хубу дар серӣ ҳастем"

Куҳансарбози ҷанг, феълан сарҳанги мустаъфӣ Николай Голиков мегӯяд, ки дар остонаи ҳар як ҷашн Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ӯро аёдат мекунад. Раҳимзода аз шароити зиндагиаш пурсон шуда, мепурсад, ки вазорат барояш боз чӣ кӯмакҳое карда метавонад.
Куҳансарбоз маблағи ҳуқуқи бознишастагиашро нагуфт, вале зикр кард, ки маблағи хубе дарёфт мекунад.

"Барояш мегуям, ки ту барои ман ҳамчун писарӣ! Ҳар як ҷашн тӯҳфаҳо, ғизо меорад. Ҳамчунин дар остонаи ҳар як ҷашн барои мо аз номи раиси ҷумҳур ва шаҳрдорӣ пул медиҳанд. Ман аз ҳеҷ чиз шикоят надорам, шукри Худо, дар серӣ зиндагӣ мекунем", — гуфт Голиков.

Дар остонаи ҷашни 70 солагии Пирӯзӣ дар соли ҷорӣ дар пойтахт комиссияи вижае таъсис шуд, ки муваззаф аст, шароити манзилии куҳансарбозонро арзёбӣ кунад. Он куҳансарбозоне, ки манзилашон ба тармим ниёз дорад, шаҳрдории Душанбе онҳоро бозсозӣ мекунад, таъкид карданд дар Шӯро.

Ба феҳрасти ниёзмандони шароити беҳтари зиндагӣ Николай Голиков низ шомил шуд ва ҳоло тармими маскани сеутоқааш идома дорад.

"Омада диданду гуфтанд, ки то ҷашн бозсозӣ мекунем. Ана, кафели хуб гузоштанд. Ба деворҳо қоғази зебое часпониданд. Ман аз ҳукумат барои чунин ғамхорӣ сипосгузорам!", — гуфт куҳансарбоз.

Ремонт в квартире, архивное фото
© Sputnik Амир Исаев
Таъмир дар манзили Голиков идома дорад

Саёрабеков зикр кард, ки чунин иқдом дар куллияи кишвар анҷом мешавад. Эҳтимол дорад дар вилояти Суғд мавзӯъи ихтисоси маскан барои чаҳор ё панҷ нафар куҳансарбоз, ки барои васеъ кардани манзилашон муроҷиъа кардаанд, ҳалли манфӣ пайдо кунад.

"Мехоҳам дар пирӣ дар шароите муносибе зиндагӣ кунам"

Вале на ҳама аз куҳансарбозон тибқи муқаррароти қонун ҳаққи худро дарёфт мекунанд.

Ҳаким Ҳалимов (ҳуқуқи бознишастагиаш 1555 сомонӣ) ба намӣ дар манзилаш ва адами роҳи хуб ба назди хонааш шикоят мекунад.

© Sputnik
Куҳансарбоз Ҳалимов: мехоҳам дар пирӣ бо шароити муносибе зиндагӣ кунам

"Шумо роҳи тарафи манзиламро дидед, бингаред, ки баландиаш чӣ қадар аст. Ман 90 сола ҳастам, ҳар бор тавассути он як соат поён мефароям, почаҳоям дард мекунанд, душвор аст. Баъзан ҳафтае ду маротиба ба маҳфиҳое даъват мекунанд, вале рафта наметавонам. Гоҳе бароям мошин мефиристанд, гаҳе на. Тамоми хонаро намӣ зер кардааст. Мехоҳам дар пирӣ каме дар шароити муносибе зиндагӣ кунам. Вале, мутаъассифона, чунин шароит нест. Ваъда медиҳанд, ки бароям манзиле ихтисос медиҳанд, вале ҳанӯз рӯшан нест", — гуфт куҳансарбоз.

"Ҷойи хобидан надорам"

Мушкили манзилиро куҳансарбози дигари ҶБВ Мадулло Сафаров дорад, ки ҳуқуқи бознишастагиаш 1707 сомонӣ мебошад. Ба гуфтааш, вай дар як маскани сеҳуҷрадори сохти қадимӣ якҷо бо чаҳор набераву писару келинаш зиндагӣ мекунад. Дар авосити моҳи апрели соли ҷорӣ ба наздаш аъзои комиссияе, ки шароити зиндагии куҳансарбозонро арзёбӣ мекунанд, омада буданд.

"Ман ба онҳо гуфтам, ки дар мавриди ғизо мушкиле надорем, вале шароити зиндагиамон душвор аст. Дар он маскан ман ҷойи хоб надоштам ва водор шудам, ки ба манзили духтарам кӯч бандам. Ман аз комиссия дархост кардам, ки бароям маскан бидиҳанд. Онҳо ваъда доданд, ки дархости маро ба вазир мерасонанд. Ҳоло интизори посух ҳастем", — гуфт Сафаров.

"Номаҳоям намерасанд"

Куҳансарбоз Абдураҳмон Иброҳимов (ҳуқуқи бознишастагиаш 1500 сомонӣ) мегӯяд, ки дар табақаи ҳаштум зиндагӣ мекунад. Дар маскани сеҳуҷрагиаш ҳашт нафар зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта вай шахсан номаеро бо дархости беҳтар кардани шароити манзилиаш ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва шаҳрдорӣ бурдааст.

"Дар шаҳрдорӣ духтаракон номаи маро гирифтанду гуфтанд, ки ҳатман ба Убайдуллоев мерасонанд. Посухеро дарёфт накарда номаи дуввумро навиштаму ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ бурдам. Дар он ҷо ба ман машварат доданд, ки номаро вориди қуттие кунам, ҳамин тавр ҳам кардам, вале то ҳол посух надодаанд. Фикр мекунам, ки номаҳоям то ба мақомот нарасиданд", — шиква кард Иброҳимов.

Ғамхорӣ нисбати саломатии куҳансарбозон

Ба гуфтаи раиси Шӯрои куҳансарбозон Раҳмат Қудратов, тақрибан дар куллияи манотиқи кишвар куҳансарбозон аз хадамоти ройгони пизишкӣ бо шумули ҷарроҳиҳо, дандонсозӣ, таъмини дору ва ғайра. Барои мудово дар бемористонҳо барои куҳансарбозон утоқҳои ҷудогона ва пизишкони алоҳида ҷудо шудаанд.

Ба ҷуз аз ин, ба гуфтаи муъовини раиси Шӯро Валӣ Саёрабеков, бо тасмими вазорати тандурустӣ, пизишкон муваззаф шудаанд, ки ҳар ҳафта аз куҳансарбозон хабар гирифта дар манзилашон онҳро муроқибат кунанд. Ва дар сурати зарурӣ онҳоро бо доруворӣ ройгон таъмин кунанд. Ба дин манзур вазорати тандурстӣ ҳар моҳ барои ҳар як дармонгоҳ 80 сомонӣ ихтисос медиҳад. Саёрабеков зикр мекунад, ин маблағ албатта нокофӣ аст.

Куҳансарбоз Мадулло Сафаро суханони Саёрабековро дар бораи аёдати пизишкон дар манзил таъйид кард, вале изофа кард, ки худаш аз дорувории ройгон даст мекашад.

"Дар тамоми умрам ман ҳатто як дору нахурдаам ва ҳоло низ намехоҳам бихурам. Вақтҳои ахир тахтапуштам дард мекунад. Ҳамшираи шафқат, ки ба аёдати ман меояд. Бароям чанд дору навишт, вале ман аз нӯшидани онҳо худдорӣ мекунам", — гуфт Сафаров.

Ба ҷуз аз ин, ба иттилоъи Шӯрои куҳансарбозон, ҳамасола куҳансарбозон ва собиқадорони меҳнат бо роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои кишвар таъмин мешаванд.

Вазъ дар кишварҳои дигар чӣ гуна аст?

Ба ҷуз аз имтиёзоти иҷтимоӣ, ки ба он маъмулан изофапулӣ ба ҳуқуқи бознишастагӣ, табобати ройгон, ҳамлу нақли ройгон дар васоили нақлияи мусофирбар ва ғайра, дар Русия ба унвони мисол манзили ҷадид низ ихтисос медиҳанд.

Дар ФР фармоне содир шуда буд, ки тибқи он ба куҳансарбозон ва маълулони ҶБВ, ки ба беҳбуди шароити манзилӣ ниёз доранд, маскани ҷадид ихтисос дода мешавад. То моҳи апрели соли ҷорӣ 281 ҳазор нафар куҳансарбозон соҳиби маскани ҷадид шудаанд. Бад ин манзур аз будҷа 308 миллиард рубл ихтисос шудааст.

Дар Қирғизистон ба ҳангоми харидории масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди маскани хусусӣ ва ё таъмири кулли он ба куҳансарбозон маъмулан дар будҷаҳои маҳаллӣ кӯмакпулӣ ихтисос медиҳанд.

Дар Украина дар сурати зарурӣ куҳансарбозони худро бо мошинҳои вижа таъмин карда, маблағи ҷуброни нархи бензин, таъмир ва хадамоти нақлиётии маълулонро пардохт мекунанд.

Дар Ӯзбекистон куҳансарбозони танҳо ба таъмини доимии ройгони ғизо ва маводди аввалия тибқи муқаррароту анво ҳаққ доранд.

… Бо гузашти ҳар як ҷашни Пирӯзии Бузург теъдоди куҳансарбозон коҳиш меёбад, вале ҳамзамон арзиши заҳмати онҳо барои мо афзоиш меёбад. Ва он имтиёзоте, ки мо барояшон ихтисос медиҳем дар қиболи Пирӯзие, ки онҳо бароямон ҳадя кардаанд, ҳеҷ аст.

Мавзуъ

Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост
Дар Хуҷанд мактаберо бо исми куҳансарбози ҶБВ номгузорӣ карданд
Муъмин Қаноат: корнамоии тоҷикон дар ҶБВ набояд фаромӯш шавад
“Русия имрӯз” лавҳаи ҷадиди чандрасонаӣ дар бораи ҶБВ-ро пахш кард
Ҷобаҷогузорӣ ва тавозуни неруҳо дар ҶБВ
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 849 собиқадори ҶБВ зинда мондаанд
Барчаспҳо:
вазъи зиндагии куҳансарбозон, Шӯрои куҳансарбозон, Абдураҳмон Иброҳимов, Николай Голиков, Раҳмат Қудратов, Валӣ Саёрабеков, Мадулло Сафаров, Ҳаким Ҳалимов, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ