17:32 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Раҳмон: кишварҳои ИДМ бояд зидди таҳдидҳои нав муборизаи беамон кунанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоиши ғайрирасмӣ дар Москав ба тавсеъаи ИДМ таъкид карда изҳор дошт, ки ин ниҳод ҳоло то дер барои ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ зарур хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Москав 8 май ширкат кард ва дар он ҷо зикр кард, ки кишварҳоро зарур аст алайҳи таҳдидҳои ҷадид муқобала кунанд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раёсати ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои узви ин Иттиҳод раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ин ниҳод новобаста ба арзи ҳастӣ кардани Иттиҳоди ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва СПАД дар мавриди масоили зиёди мубрам богӯйи амалии худро ҳифз кардааст.

"Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ИДМ зиёд муҳим аст, бавижа ба он далел, ки ҳамкориҳо дар заминаи сиёсӣ ва амниятии судманд наметавонанд дар халоъ амалӣ шаванд", — гуфт Раҳмон.

Вай зикр кард, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ — заминаи қавиест, ки бар пояи он имкон дорад наҳваҳои дарозмуддати ҳамкориҳои тӯлониро пешбинӣ ва амалӣ кард, ба вижа дар шароити мушкилоти ҷаҳонии моливу иқтисодӣ.

Вале феълан, ба гуфтаи вай, ҳамкории муштараки беамон алайҳи таҳдидоту хатароти ҷадид — терроризс, тундгароӣ, фашизми ҷадид, бегонаситезӣ ва анвои зуҳуроти дигари нангин, ки аз фашизм ҳам бештар хатарнок мебошанд.

"Инсоният, эҳтимол дорад, дар солҳои пас аз ҷанг дар даргириҳои маҳаллии марбут ба ин авомил қурбонии на камтар аз муқобала бо фашизм дошт", — гуфт Раҳмон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки марзҳои ҷанубии ИДМ ба далели сареъан фаъол шудани гурӯҳҳои "Толибон" дар Афғонистон ва ҷузъҳои "Давлати исломӣ" ба таъмини амният ниёз дорад.

"Дар миёни ин ҷузъҳо ва ба ном ҷунбишҳо атбоъи кишварҳои ИДМ шиносоӣ шудаанд ва идомаи раванди ҷалби онҳо дар кишварҳои мо воқеъият аст ва лайҳи ин амр мо бояд сарҷамъона мубориза барем", — изҳор дошт Раҳмон.

Дар поёни суханронии худ вай куллияи ҳозиринро бо Ҷашни Пирӯзӣ шодбош гуфт ва ин ҷашнгириро идомаи раванди муҳими таърихӣ номид ва изҳори умедворӣ кард, ки ИДМ намунаи беҳтарини раванди таърихии ҳамгиройӣ ва ҳамкорӣ боқӣ мемонад.

Зикр шуд, ки соли 2015 дар Иттиҳод соли куҳансарбозон эълом шудааст. Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло ва дар оянда муҳим аст, ки зимни ироъаи ғамхорӣ нисбати онҳо хотираи онҳоеро гиромӣ дорем, ки бар ивази ҷони худ сулҳу субботро ҳифз карданду ва ба наслҳои оянда ҳисси ифтихор аз қаҳрамонии падарону бобоҳои онҳоро ироъа кунем.

Мавзуъ

Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт
ВАО: Эмомалӣ Раҳмон мушобеҳ ба "офтоб" ва "ситораи бахт" аст
Раҳмон гуфт, соли 2015 соли “Оила” эълон шавад
Барчаспҳо:
суханронӣ дар ҷаласаи ғайрирасмии ИДМ, ИДМ, Эмомалӣ Раҳмон, Москав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ