23:06 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Юнус Юсупов. Архивное фото

Ветеран Юнус Юсуфов: Илоҳо гум шавад номи ҷанг...

© Sputnik Амир Исаев
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Ташнагӣ бар вай асар карду лоилоҷ аз танк пойин фаромад. Замоне, ки об менӯшид, садои даҳшатноки тири душман ба гӯшаш расид. Ҳамагӣ 10 қадам аз танк дур буд. Вай ягона аскари зиндамонда аз миёни 13 савораи танк аст.

Баъди хатмӣ давраи шашмоҳаи омӯзиши трактористӣ, дар соли 1939, дар 16 солагӣ Юнус Юсуфов комилан зиндагии мустақилро шуруъ кард. Дар деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат, ҳамроҳ бо тоҷикон, русҳо низ фаъолият доштанд. Самараи кори якҷояи трактористии Юнус Юсуфов бо русҳо ин шуд, ки вай дар як муддати кутоҳ забони эшонро фаро бигирад. Бехабар аз ин ки дере нагузашта ин забон барояш кӯмаки бедареғеро арза медорад.

Моҳи майи соли 1942, айни авҷи хурушу сабзиши баҳор Юнус Юсуфов, ки вай он замон 19 сол дошт, бо ихтиёри худ ба ҷанг меравад.

— Аз деҳаи Андигон 3 нафар будем. Саблин гуфтани рус механик доштем, Абдукарим Юсуфов тракторист буд, якҷоя военкомат рафтем. Гумон доштем ҳар сеямон якҷо меҷангем. Аммо дар поезд дар вагонҳои гуногун моро шинонданд. Дар роҳ дар ҳар куҷо вагонҳоро тақсим карданд. Мо аз ҳамдигар ҷудо афтодем. Вақти тақсимот ман ки каму беш русӣ медонистам, маро ба десанти танкӣ фиристоданд.

Ин ҷои суҳбат якбора таваққуф мекунад ва ба тасвири даҳшату офати ҷанг мепардозад. Мегӯяд, рӯзҳову ҳафтаҳо гурусна меҷангиданд.

— Ҷанги шухӣ набуд, як ҷанги ядроӣ ҳам гӯем мешавад. Чунки замин ҳам месӯхт осмон ҳам месӯхт. Илоҳо гум шавад номи ҷанг! Дар ҷаҳон ҳеч кас номи ҷангро нашунавад. Дар як шаҳри ободу зебо аз ду тараф сафҳо рост мешудем, аз осмон бомба аз замин тӯп, минамиёт, пулемет, катушка, валюша, андрюша бомбаборон мекард. Касе намегуфт, ки кӣ мемураду чӣ вайрон мешавад. Як воҳимаи маҳшар буд, — орому сокит ба нақлаш давом медиҳад иштирокчии ҷанг Юнус Юсуфов.

Се ҳодисаи ҷанг. Ҳодисаи аввал: ҷанги се моҳа…

Қабл аз он ки ба ҷузъиёти солҳо ва рӯзҳои ҷанг бипардозад, бобои Юнус аз мо мепурсад, ки барояш чанд дақиқа фурсат медиҳем. Зеро, ба гуфтааш, барои як рӯзи ҷангро нақл кардан, соатҳо фурсат лозим аст. Вақте посух додем, ки фурсат танг аст, вай ҳам андешамандона ба умқи хотироташ фурӯ рафт. Ва ин дурдонаҳоро аз он ҷо берун овард:

— Дар Украина, дар ноҳияи Богодухов меҷангидем. Ин ҷангро Ҷанги тобистона мегӯянд, 3 моҳи тобистон идома кард. Се моҳ мо либоси танамонро иваз накардем, ҳамом накардем, сари зонуҳо канд, остинҳо дарид. Як деҳаро мо озод мекардем, немисҳо дубора онро ғасб мекарданд, мо озод мекардем онҳо баргашта ғасб мекарданд, — мегӯяд Юсуфов.

Дар ин ҷанги семоҳа ҷанговарони зиёде куштаву маҷруҳ шуданд. Бобои Юнус мегӯяд, солдатҳои шӯравӣ дар баландие барои наҷоти тирхурдаҳо ҷо карда буданд. Рӯзе дар қисми дифоӣ (оборон)-е, ки бобои Юнус онҷо адои хизмат мекард, тир тамом шуд. Нафаре аз ҳамхизматонаш пешниҳод мекунад, ки аз наздиктарин қисми дифоӣ ду яшик тир биоранд.

— Яшикҳоро сари китф карда меомадем, ки ҳамин ҳавопаймои тирандози Мессершмитти немис пайдо шуд. Намедонад, ки саратро бардорӣ. Борони тир мерезад. Яшик 25 кило вазн дорад, тасмаамро бароварда, онро дар поям бастам, ба шикам роҳ рафтам. Наздикии окоп расидам. "Тигр" гуфтани танк дошт немис. Мо яроқе надоштем ки онро бизанем, — аз шавқи ёдоварии корнамоиҳои ҷангиаш, чашмони дурахшони бобои Юнус дурахшонтар мешаванд.

Аз ҷабри "Тигр" аскари шӯравӣ талафоти зиёд дид. Немис ҳамаро ғасб карда мегирад. Баъд аз мушоҳидаи харобкории "Тигр", бобои Юнус яшики тирро сари теппа мепартояд ва ба қафо бармегардад. Аз як ротаи калони шӯравӣ наздики 40 аскар зинда мемонад. Аскарҳои зинда монда дар роҳи ба қафо баргаштан машаққати зиёдро таҳаммул мекунанд.

— Се шабу се рӯз роҳ рафтем. Аз лойу об, кӯҳу камар, ҷангалҳои анбӯҳ гузаштем. Немис дар ҳамин се рӯз моро таъқиб кард. Автомат дорем, вале тир на. Либосамон дарид, пойафзоламон канд, пойҳо хуншор шуд. Аз гуруснагӣ мадорамон рафт. Ҳеч кас нест, ки пеши роҳи немисро гирад.

Баъди се рӯз армияи шӯравӣ мерасад ва садди роҳи душман мешавад.

— Аҳволи моро диданду ба риққат омаданд. Мисли салидол як маз буд дар поямон молиданд, ҷӯроб пӯшониданд, либоси нав пӯшониданд, ғизо доданд, сару рӯямонро шуштем. Шаб хоб рафтем субҳ хеста боз вориди майдони ҷанг шудем. Ҳамон тавре, ки немис моро сур мекард, акнун мо немисро сур кардем. 

Ҳодисаи дувум: даҳ қадам то дами марг…

Ҳайати тоҷикистонӣ дар Ленингради муҳосирашуда
Музей Совета ветеранов войны и труда г. Душанбе

Аз ҳодисаи дигаре, ки дар ҳаёти ҷангиаш нақши ношустанӣ доштааст, нақл мекунад. Вале намедонад, ки ин ҳодиса дар куҷо рух додааст. Танки бобои Юнус дар сафи пеш ҳаракат мекард. Ногоҳ дохили ботлоқ (болота) дар мемонад. Танкҳои дигар онро берун меоранд. Табиист, ки баъд аз об расидан ба муҳаррик, танк аз кор мемонад. Калонаи танкҳо роҳашро идома медиҳад. Бобои Юнус бо ротааш танкро таъмир мекунанд. Баъд аз чанд соат дубора ба роҳ мебароянд. Аз пайи танкҳои дигар роҳ мепаймоянд.

— Дар як ҷо расидем. Ман хеле ташна будам. Амр кардам, ки танкро нигаҳ доранд. Пиёда шудам. Даҳ қадам аз танк дур шуда будам, ки садои даҳшатнок баланд шуд. Дар замин афтидам. Танки моро зада буданд, танк месӯхт. Дохилаш 12 нафар аскар ва чанд адад снаряд буд. Снарядҳо ба кафидан сар карданд. Аз 12 нафар касе зинда намонд. Асколкаҳо ба болои ман паридан гирифтанд. Аз зону поён пои ростам захмӣ шуд, сару рӯям хуншор шуд, — оромона нақл мекунад бобои Юнус.

Вай дақиқ намедонад чанд соат гузашта буд, ки "Штрафбат" ё худ баталиони ҷаримавии шӯравӣ аз роҳ расид. Ӯро дар канори танки сӯхташуда пайдо карданд. Рӯи чанаи асп ба деҳаи наздиктарин бурданд. Дар манзили сокине ҷо карданд. "Штрафбат" ба ҷанг меравад. Нисфи шаб соҳибхона хабар мерасонад, ки армияи немис дубора он деҳаро ғасб кардааст ва шӯравиҳо ақибнишинӣ кардаанд.

— Ман хестаму ба роҳ рафтан шуруъ кардам. Дигар дарди поро эҳсос намекунам. Як асп ёфтаму як милтиқ, ба роҳ баромадам. Ба як чорроҳа расидам, 10 мошин истода буд. Сари аспам намоён шуд, ки давиданд, фикр кардам немис аст. Гуфтанд, ки кистӣ? Гуфтам "свои". Баъд дар мошин борам карданд. Намедонам куҷо бурданд, росташ дигар парво ҳам надорам, медонам ки аскари советӣ аст, — нақл мекунад бобои Юнус.

Дар роҳ дубора ҳавопаймои тирандози немис болои сари онҳо пайдо мешавад. Мошинҳоро тирборон мекунад. Ба қавли бобои Юнус, ҳар киро пояш сиҳат буд, ҳангоми пайдо шудани ҳавопаймо аз мошин поин рафта, пушти сангу дарахт пинҳон мешуд.

— Ман ки поям ҷароҳат дорад, таваккалам ба Худо, дар кунҷи "борти" мошин дароз мекашам. Як километр роҳ мерем, ки ҳавопаймо боз пайдо мешавад. Тирборон мекунад, меравад, боз меояд. Ҳамин хел як рӯз роҳ рафтем.

Б як шаҳри амнтари ақибгоҳ мерасанд. Дар беморхонаи ҳарбӣ 20 рӯз табобат мегираду сиҳат мешавад. Табибон мехоҳанд ӯро ба полки захиравӣ бифиристанд. Вале вай намехоҳад.

— Гуфтам, Гвардияи танкии бригадаи 45-уми Фронти аввали Украина, меравам. Ҳамонҷое, ки қабл аз ҷароҳат хизмат мекардам. Маро рухсат доданд, рафтам командирҳоро ёфтам, гуфтам то охири умр, то қатраи охирини хунам ман меҷангам, — бо садои мутантан нақл мекунад бобои Юнус.

Ҳодисаи севум: озодии асирон

Донистани забони русӣ ӯро на танҳо шомили двизияи танкӣ карду сардори рота намуд, балки кам монда буд, ки Қаҳрамони Ҷанги бузурги Ватанӣ низ шавад.

Тавре худи бобои Юнус нақл мекунад, баъд аз дидани корнамоиҳояш, командирҳо ба хулосае омаданд, ки ӯро дар корҳои разведка низ бисанҷанд.

Моҳи марти соли 1944, замони озодсозии шаҳри Черновтси (Черновцы)-и Украина бобои Юнус корнамоие нишон дод, ки баробар бо қаҳрамонӣ буд. Вале чи чизи мармузе монеъ шуд, ки ӯро қаҳрамон эълон накунанд. Ба ивазаша ба вай ордени Байрақи сурхро доданд.

— Ман даъвои қаҳрамонӣ надорам. Барои қаҳрамонӣ ба ҷанг нарафта будам. Барои барқарории адолат, озодии ватану миллатам аз чанги душман ҷанг рафта будам, — самимона изҳор медорад бобои Юнус.

Дар наздикии Черновтси аскари шӯравӣ камин мегирад. Шабона қасди шабехунро доштааст. Модаре ба аскарон хабар медиҳад, ки дар шаҳр чанд партизани шӯравӣ асири немисҳост. Немис чун шикасти худро аён дидааст, қасд дорад, ки партизанҳоро қатл кунад. Фарзанди он модар низ миёни партизанҳост. Модар лобаву зорӣ мекунад, ки барои зинда мондани фарзандаш талош кунанд.

Ин талошро ба гардани Юнус Юсуфов бор мекунанд.

— Ҳамроҳи 13 нафар аскарони ротаам ноаён вориди шаҳр шудем. Ман аллакай сардори рота будам. Он модарро супориш додам, ки бо ҳар илоҷе таваҷҷуҳи посбони немисро ба худ ҷалб кунад. Мо аз пушт рафта посбонро зинда ва бе садо дастгир кардем. Дохили маҳбас шудем. Қарибии субҳ аскари шӯравӣ вориди шаҳр шуд ва мо асирони озодшударо ба беруни зиндон овардем. Он модару писар ҳамдигарро ёфтанд. Хурсандиашон ҳадду канор надошт, — бо ифтихор ҳикоя мекунад бобои Юнус.

Ҷамъи асирони озодшуда; аз партизанҳо то аскарони шӯравӣ аз зиндони немисҳо дар шаҳри Черновтси ҳудуди 100 нафарро ташкил медод. Болои ин, ҳангоми раҳоии зиндониён вай ҳамроҳ бо ротааш 50-60 немисро куштааст. Вале қаҳрон нашуд, ки нашуд…

Баъд аз ҷанг

Вақте, ки аскари шӯравӣ Берлинро фатҳ кард ва Парчами сурхро дар болои Рейхстаг барафшонд, бобои Юнус болои бистари беморӣ буд. Ҳамагӣ 4 моҳ қабл аз пирӯзӣ ҷароҳат бардошта буд ва баргашта ба Тоҷикистон омад. Хабари пирӯзиро аз радио шунида, аз шавқи шодӣ ашк рехта буд, ашки шодӣ.

Вале дере нагузашта дубора ба по хест, зиндагиро аз нав шуруъ кард. Зеро соли 1945 ҳамагӣ 22 сол умр дошт.

Шаш сол дар деҳаи Обидараи Ваҳдат, макони кунунии истиқоматиаш бригадирӣ кард. Вай қабл аз ҷанг то синфи 4 мактаб хонда буд, вале баъди хатми ҷанг дубора рӯ ба илм овард. Синфи 7 то 10-ро дар деҳаи Кофарниҳони Ваҳдат ба итмом расонид. Соли 1957 ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба факултаи таърих шомил шуд. Ғоибона донишгоҳро хатм кард. 40 сол дар мактаби деҳаи Обидара омӯзгорӣ кардааст.

Ҳоло нафақахӯр ва тарбиятгарӣ 10 фарзанду наздики 70 набераву тақрибан 200 абера аст.

Юнус Юсуфов (второй справа) на праздновании 60-летия  Победы в Великой Отечественной войне. Москва, 2005 год.
Из личного архива Ю. Юсуфова.
Юнус Юсуфов (второй справа) на праздновании 60-летия Победы в Великой Отечественной войне. Москва, 2005 год.

Рӯйхати ифтихорномаву сипосномаҳояш, китобу маҷаллаву нашрияҳое, ки дар борааш маълумот додаанд, корнамоиҳояшро дарҷ кардаанд худ як мавзӯи алоҳида аст. Вале орзуяш ҳамагӣ чанд сатр:

— Ҳич вақт номи ҷангро нашнавем. Ҳич вақт ватани азизи мо озурдаи душманон нашавад. На ҷанги дохилӣ, на хориҷӣ. Ватани мо мисли офтоб равшану гарм ва мисли моҳу ситораҳо дар гардиш бошад. Мардуми мо ҳамеша сер бошад, ҳич вақт он ваҳшиёнате, ки мо дидем, рӯзи сиёҳе, ки мо гузарондем, уммати Муҳаммадро (с) Худо нишон надиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ