19:18 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Омӯзиши сарбозон қабл аз пайвастан ба фронт. Августи соли 1941

Саҳифагардонӣ: занон корҳои ҳарбӣ меомӯзанд

© Sputnik / Анатолий Гаранин
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Кружокҳои мудофиавӣ

Дар назди ҳамаи колхозҳои райони Кӯлоб кружокҳои гуногуни мудофиавӣ ташкил дода шудааст, ки ба он колхозчиён бо муташаккилонагӣ иштирок карда, корҳои ҳарбиро омӯхта истодаанд.

Шеъри шоири тоҷик Мирсаид Миршакар
Sputnik
Шеъри шоири тоҷик Мирсаид Миршакар

Дар колхозҳои ба номи Илич, "Осоавиахим", ба номи Сталин, "Комсомол" ва "Тоҷикистон Сурх" ба машғулиятҳои кружоки ПВХО, ГСО ҳамаи комсомолетсҳо, ҷавонони комсомолнабудагӣ ва колхозчиён бо активии калон иштирок мекунанд.

Ингуна кружокҳои мудофиавӣ дар назди идора ва муассисаҳои район ҳам ташкил дода шуд ки дар он коргарон ва хизматчиёни идора ва муассисаҳо корҳои ҳарбӣ-мудофиавиро аз худ карда истодаанд.

Ғайр аз ин дар маркази район крухоки пости санитарӣ ташкил дода шуд ки ба он 45 нафар коргарзанон, хизматчизанон ва соҳибхоназанони маркази район бо шавқмандӣ иштирок карда истодаанд.

("Комсомоли Тоҷикистон", 10 августи соли 1941)

 

Мирсаид Миршакар

Ҳушёр шав!

                     1

Фарзанди пушаъни ватан,

Бошӣ дилу ҷони ватан,

Ҳастӣ нигаҳбони ватан!

Ҳушёр шав, ҳушёр шав!

                      2

Дар гирду атрофат бубин,
Душман ҳамеша дар камин,
Рӯбоҳи маккор он лаъин,
Ҳушёр шав, ҳушёр шав!

                       3

Дар суҳбатат чандон наҷӯш,

Деворҳо доранд муш,

Он мушҳо доранд гӯш!

Ҳушёр шав, ҳушёр шав!

                      4

Бошад ватан то дар амон,

Сирри ватанро мисли ҷон,

Пинҳон бидор аз душманон,

Ҳушёр шав, ҳушёр шав!

("Комсомоли Тоҷикистон", 10 августи соли 1941)

Пионерон. Комсомоли Тоҷикистон, соли 1941
Sputnik
Пионерон. "Комсомоли Тоҷикистон", соли 1941
Барчаспҳо:
коргарон, занон, тайёрӣ, корҳои мудофиавӣ, ақибгоҳ, ҶБВ, "Комсомоли Тоҷикистон", Мирсаид Миршакар, СССР

Мавзӯъҳои асосӣ