08:30 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Оташи абадӣ дар Боғи Пирӯзӣ дар Душанбе

Авеста: “Оташи абадӣ” дар Хуҷанд тӯли сол хомӯш намешавад

© Sputnik Амир Исаев
70-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Барои гиромидошти хотираи сарбозон ва афсарони фавтида дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақомоти шаҳрдории маркази вилояти Суғд тасмим гирифтанд “Оташи абадӣ” тӯли сол фурӯзон бошад.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. "Оташи абадӣ" дар назди ду муҷассамаи хотираи ҳалокшудагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯли сол фурӯзон хоҳад буд, навиштааст хабаргузории "Авеста" бо истинод ба манбаъ дар шаҳрдории Хуҷанд.

"Шаҳрдорӣ бад ин манзур барои харидории гази моеъ беш аз 30 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $4700) ихтисос додааст", — изҳор дошт манбаъ ба хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи ин манбаъ қаблан "Оташи абадӣ"-ро танҳо дар рӯзҳои ҷашнӣ ва Рӯзи Пирӯзӣ оташафрӯз месохтанд, вале ҳамакнун мақомоти Хуҷанд тасмим гирифтаанд оташи онро дар тӯли сол ба манзури гиромидошти хотираи кушташудагон дар набардҳои ҶБВ фурӯзон нигаҳ доранд.

Дар Хуҷанд ду муҷассамаи хотираи сарбозони кушташуда вуҷуд доранд ва дар зери онҳо "Оташи абадӣ" фурӯзон мебошанд: дар маркази шаҳр ва дар маҳалли бозори "Панҷшанбе".

Мавзуъ

Рӯзи поси хотир: дар Душанбе аз ҳалокшудагон дар ҶБВ ёд карданд
Э.Раҳмон: ҶБВ аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳост
Барчаспҳо:
оташи абадӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ихтисоси маблағ барои фурӯзон нигаҳ доштани "Оташи абадӣ", шаҳрдории Хуҷанд, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ