12:18 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
75-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
179 0 0

Сафорати Русия дар Тоҷикистон иддае аз аъзои шӯрову кумитаҳои собиқадорони ҷангу меҳнатро бо нишони 75 – солагии Ғалаба қадрдонӣ кард. Ин маросим дар як муҳити хоксорона ва бидуни тантанаи хос баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дар оғози ин маросим, ки бо ширкати Сергей Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гузашт, гуфт, далели бидуни тантанаи хос баргузор шудани он ба шароити хос рабт дорад.

“Бо он вуҷуд ки дар саросари ҷаҳон алайҳи ин маризии бадбахт (“вируси корона”) мубориза идома дорад, мо бояд ба тамоми ҷомиа, бахусус собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бирасонем, ки чизе моро аз таҷлили Ғалабаи Бузург боздошта наметавонад. Он рӯз мерасад, ки ин ҳама хотима меёбад. Ин ҳама муваққатӣ аст. Хушбин бошӣ, ҳама хуш мешавад”, - гуфт Раҳмат Қудратов.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ба далоили қадрдонии чанде аз аъзои шӯрову кумитаҳои ҷангу меҳнати Тоҷикистон бо нишони 75 – солагии Ғалабаи Бузурги мардуми Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ пардохта гуфт, ин Шӯро як созмони ҷамъиятӣ, аммо мӯътабар пеши мардуму ҳукумат аст, ки аз манофеъи собиқадорони мазкур ҳимоят ва кори бузурге мекунад, то наврасону ҷавонон гузаштаи худ ва бобоҳои қаҳрамони худро фаромӯш накунанд ва ҳам инро, ки онҳо барои озодиву ободии ватан чӣ гуна талошҳо ва ҷонфишониҳо кардаанд.

“Ин пирӯзии бузург, муштарак ва азизест, ки ба ҳамаи мо – мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тааллуқ дорад ва онро намешавад тоҷикӣ, русӣ ё қафқозӣ гуфт, зеро аз ҳама аст ва кулли мардуми собиқ Шӯравӣ дар он саҳм гузоштаанд”, - гуфт Игор-Лякин-Фролов.

Награждение ветеранов с 75 летием победы
© Sputnik / Амир Исаев
Награждение ветеранов с 75 летием победы

Сафири Русия дар Тоҷикистон шахсан нишони “75-солаги Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” – ро рӯи синаи Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, муовини ӯ - Алишер Шарипов, - котиби иҷроияи Шӯро - Рано Акрамова, Абдуҳамид Назаров, муовини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе ва Суҳробшоҳ Олимов, раиси Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист овехт.

Ҳарчанд ин маросим дар утоқи кории раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ва бо ширкати теъдоди каме аз собиқадорон ҷараён дошт, аз бардошту қиссаҳои омӯзанда орӣ набуд.

Алишер Шарипов, муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, гуфт, худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат накардааст, аммо падару хусураш ҷанговар буданд.

Медаль 75 лет победы ВОВ
© Sputnik / Амир Исаев
Медаль 75 лет победы ВОВ

“Падарам дар фирқаи Панфилов, ки Маскавро ҳимоят мекард, меҷангид. Ӯ ба мо қиссаҳои Бузургроҳи Волоколамскро мекард. Тамоми деҳоти атрофи Маскавро азёд медонист, ҷойҳоеро, ки дар хандақҳо паноҳ бурда, меҷангиданд. Ӯ як дасташро ҳангоми озодии Рига аз даст дод. Вақте кишварҳои Назди Балтика аз Иттиҳоди Шӯравӣ хориҷ шуданд, хеле надомат кашид. Ин нишон, барои ман, хеле азиз аст ва хоки падари ман аз раҳбарияти Русияву сафораташ барои ин қадрдонӣ сипосгузор хоҳад буд”, - гуфт Алишер Шарипов.

Рано Акрамова, котиби иҷроияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, хеле эҳсосӣ буд ва гуфт, намедонад чӣ бигӯяд: “Ман духтари ҷанговареам, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ вафот кардааст. Вақте ӯ рафта буд, ман ҳамагӣ шашрӯза будам. Хеле сипосгузорам. Зиёд намегӯям, зеро ҳаяҷонзадаам», - гуфт Рано Акрамова.

Абдуҳамид Назаров, муовини Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, гуфт, ин ҷашни муштараки мост ва мо дар канори ҳам бар фашизм пирӯз шудем. “Падари ман дар муҳорибаҳои Курск ҷангида, 11 захм бардоштааст. Ифтихор мекунам, писари чунин як инсонеам, ки дар ин пирӯзии бузурги таърихӣ саҳми худро гузоштааст. Мо бояд насл ба насл ин паёмро бирасонем, ки чӣ иттифоқ афтодаву ин пирӯзиро кӣ ба даст овардааст”, - гуфт Абдуҳамид Назаров.

Игор-Лякин-Фролов,  гуфт, ин танҳо иқдоме нахоҳад буд, ки дар остонаи Ғалабаи Бузург ва ҳам вазъи ногувори сиҳатӣ дар ҷаҳону минтақа аз сӯи сафорат дар Душанбе рӯи даст гирифта мешавад.

Барчаспҳо:
Шӯрои собиқадорони ҶБВ, Сафири Русия, медалҳо, ҶБВ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ