23:15 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
75-солагии Ғалаба
Гирифтани линки кӯтоҳ
52600

Президенти Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон пас аз гузашти низомӣ ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар гузошт

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik.  Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи дигар сарони кишварҳо, ки барои таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Маскав омаданд, бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум гулчанбар гузошта хотираи қурбониёни ҷанги солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

Маросими гулчанбаргузорӣ таҳти раёсати президенти Русия Владимир Путин баргузор шуд.

Ҳамасола Рӯзи Пирӯзӣ 9 май бо гузашти низомӣ ва барномаҳои бошукӯҳ таҷлил мешавад. Имсол бо қарори президенти Русия Владимир Путин дар бастагӣ бо ҳамагирии коронавирус гузашти низомӣ аз 9 май ба 24 июн гузаронида шуд.

Барои таҷлили 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Абхазия, Белоруссия, Босния, Қазоқистон, Молдова, Сербия ва Осетияи Ҷанубӣ омаданд.

Ногуфта намонад, ки нахустин бор бо ширкати қаҳрамонони ҶБВ маҳз 24 июни соли 1945 дар майдони Сурхи Маскав гузашти низомӣ баргузор шуда буд.

Паради зери борон: гузашти низомӣ дар майдони Сурхи Маскав, 24 июни соли 1945

Он рӯз гузашти низомӣ ду соат (122 дақиқа) таҳти борон баргузор шуд. Дар гузашти низомии соли 1945- 24 маршал, 249 генерал, 2536 афсар ва 31 116 сарбоз ширкат карданд.

Барчаспҳо:
гузоштани гулчанбар, гулчанбаргузорӣ, ашхоси номаълум, сарбоз, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ