Шармсории комил - Лавров дар бораи тасмими Рада аз напардохтани қарзҳо

Обуна шудан
Раҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров тасмими Радаи олӣ дар бораи таъвиқи бозпас додани қарзҳои хориҷиро шарҳ дод. Вазир дар чаҳорчӯби "соати ҳукуматӣ" дар Шӯрои Федератсия дар мавриди масоили мубрами сиёсати хориҷии ФР гузориш дод.

Вазири корҳои хориҷии Русия тасмими порлумони Украина дар бораи тасвиби тарҳи қонуни аз сӯйи ҳукумат пешниҳодшуда дар мавриди эҳтимоли таъвиқи бозпас додани қарзҳои хориҷӣ шарҳ дод. Лавров изҳор дошт, ки эҳтимоли худдорӣ аз бозпас додани қарзҳо шармсории комили мақомоти Киев хоҳад шуд.

"Фикр мекунам ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба гунаи мо ба ин амр вокуниш мекунанд, зеро ин шармсории комили мақомот аст, ки қаблан аз он дифоъ мекарданд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аллакай дарк кард, ки бо кӣ сарукор дорад ва мутмаъин шуд, ки мақомоти Украина таъаҳуддоти худро иҷро намекунад ва ё намехоҳад иҷро кунад", — гуфт Лавров зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия.

Зимни шарҳи тасмими Киев барои тақвияти равобит бо Иттиҳодияи Аврупо вазир таъкид кард, ки дар ин амр фоҷеаро намебинад, аммо ҳангоми тақвияти ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо зарур аст, ки манофеъи ФР низ нодида гирифта нашавад.

"Мо дар ин манотиқ аз инҳисорот бархурдор нестем. Мо ҳуқуқҳои ҳамсоягони худ, ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, аммо феълан кишварҳои мустақилро ба сиёсати гуногунсамт эътироф мекунем. Русия низ дар сиёсати хориҷии худ гуногунсамтӣ дорад ва ба ин далел мо ба равобити ин кишварҳо бо бозигарони дигар дар Аврупо, Амрико ва манотиқи дигар бархурди муносиб дорем", — изҳор дошт Лавров.

Раҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе дар Шӯрои Федератсия дар чаҳорчӯби "соати ҳукуматӣ" дар бораи масоили мубрами сиёсати хориҷии ФР гузориш дод. Дар ҷараёни ин ҷаласаи Шӯрои Федератсия ҳамчунин ба қавонини марбут ба маҳви таслиҳоти химиявӣ, фаъолияти маркази фанновариҳои "Сколково" ва истифода аз маболиғи модарӣ баррасӣ ва ислоҳот ворид карда шуданд. 

Лентаи хабарҳо
0