Ҷашнвораи "Парасту": Театри лӯхтаки Чкаловск "Оҳуи тиллоӣ"-ро намоиш дод

Обуна шудан
Ҷашнвораи "Парасту" алъон дар Душанбе идома дорад.

Театри лӯхтаки Чкаловск дар ҷашнвораи "Парасту" спектакли "Оҳуи тиллоӣ"-ро намоиш дод.

Расми ифтитоҳи ин чорабинӣ дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт рӯзи душанбе сурат пазируфт.

Ҷашнвораи "Парасту-2015" то 19 июн идома ёфта, тайи панҷ рӯз театрҳои кишвар 15 намоишномаи беҳтаринашонро, ки дар солҳои 2013-14 таҳия шудаанд, пешниҳоди тамошобинон месозанд.

Ин ҷашнвора аз соли 1998 оғоз гардида, дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0