21:13 21 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Видео

Донишҷӯёни тоҷик велоэлектрогенератор ихтироъ карданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
6101
© Sputnik

Sputnik ба парки техникии "Фановар"-и Донишгоҳи технологӣ рафт ва он ҷо бо кору пайкори навоварони ҷавон ошно шуд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро маркази навоварӣ ва инноватсияи кишвар меноманд. Дар ин ҷо гаҳвораи худкор, нақлиёти электрик ва чандин ихтироъҳои ҷадид кардаанд.

Имсол бошад, олимони ҷавони ин таълимгоҳ генератори ҷараёни барқро дар асоси дучархаи оддӣ ва сохтори таълимии роёнаи "Слотр" сохтанд.

"Ин ду ихтироъи ахир дар дунё назир надоранд. Мо,- мегӯяд ноибраиси ДТ Ғафурҷон Ҳакимов,- мехоҳем барои ин ду ихтироъ муҷаввиз гирем.Генератор 500 ватт қувваи барқ медиҳад, бо ин асбобҳои маишӣ роҳат кор карда метавонанд. Ба ғайр аз ин онро ҳамчун асбоби тамринӣ (велотренажёр) истифода бурдан мумкин аст".

Ҳамасола ин донишгоҳ, ба қавли проректор, соҳиби 11 муҷаввиз (патент) мегардад.

Ихтироъгари велоэлектрогенератор Исфандиёр Раҳматов мегӯяд, агар навоварону олимони ҷавони тоҷик дастгирӣ ёбанд, дастовардҳои беҳтару хубтаре хоҳанд дошт.

 

 

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ