22:46 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Видео

Рақсу бозии сокинони Афина баъд аз анҷоми ҳамапурсии Юнон

Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0
© RUPTLY.

Сокинони Афина ба кӯча баромаданд, то аз натиҷаи райъпурсӣ таҷлил намоянд. Дар ҳамапурсӣ ҷонибдорони сарвазир, ки мухолифи лоиҳаи қарздиҳандагон овоз доданд, пирӯз шуданд.

Сокинони Юнон дар раъйпурсии таърихии рӯзи 5-уми июл талабҳои қарздиҳандагони байналмилалӣ дар ивази кӯмакҳои молиро рад карданд. Бар асоси шумориши 85 дар сади орои мардум бештар аз 60 дар сад мухолифи барномаи кӯмакҳои молӣ раъй додаанд.

Ҳазорон нафар аз тарафдорони ҳукумати Юнон рӯзи 5-уми июл дар майдони Синтагма дар маркази Афина ҷамъ омада ва аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ изҳори хушҳолӣ карданд.

Ҳукумати Юнон ба раҳбарии нахуствазир Алексис Тсиприс аз мардум хоста буд, мухолифи барнома раъй диҳанд. Вазирони молияи кишварҳои ҳавзаи евро дар Иттиҳодияи Аврупо ин ҳафта ҷамъ омада ва натиҷаҳои раъйпурсии Юнонро баррасӣ мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо, Бонки Марказии Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аз Юнон мехоҳанд, дар ивази кӯмакҳои байналмилалӣ аз буҷаи кишвар сарфаҷӯӣ кунад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ