Инфиҷори мошини боркаш дар Кобул чанд манзилро тахриб кард

Обуна шудан
Субҳи рӯзи ҷумъа дар шарқи Кобул мошини ҳомили маводди мунфаҷира таркид. Тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф дар пайи ин амали террористӣ аз 7 то 15 нафар кушта ва аз 198 то 400 тани дигар захмӣ шудаанд, инчунин чанд бино валангор гардидааст.

Ҳадс зада мешавад, ки ҳадафи ин амали террористӣ яке аз таъсисоти вазорати дифоъ будааст.

Дар бораи теъдоди қурбониён иттилоъи зидду нақиз мерасанд. Хабаргузории Рейтер қаблан дар бораи 15 нафар кушташуда гузориш дод, расонаҳои дигар дар бораи ҳафт-ҳашт нафари ҳалокшуда хабар медиҳанд.

Тибқи иттилоъи ахир, дар пайи ин амали террористӣ ҳудуди 400 нафар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TOLO News. Ба иттилоъи намояндаи вазорати тандурустии Афғонистон, бештаре аз осебдидагон нафароне мебошанд, ки аз шикастаҳои шиша захмҳои сабук бардоштаанд. 

Инфиҷори мошини боркаш дар маҳаллаи Шоҳи Шаҳид дар шарқи пойтахти Афғонистон рух дода, чанд биноро шадидан тахриб кард ва эҳтимол дорад, ки зери харобаҳои онҳо одамон боқӣ монда бошанд. 

 

Лентаи хабарҳо
0