15:09 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Видео

Навбатпоии гурезаҳо барои воридшавӣ ба лагерҳои Хорватия

Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0
© RUPTLY.

Кормандони пулис барои тақсимоти шумори наздик ба 9 ҳазор муҳоҷир дар лагерҳои муваққатӣ талош доранд, ки давоми як шабонарӯз ба қаламрави Хорватия омадаанд.

То ба ҳол тавассути қаламрави Сербистон беш аз 44 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Ховари Миёнаву Африқо, аз ҷумла Ироқ ва Сурия ба хоки Хорватия ворид шудааст.

"Танҳо рӯзи сешанбе 8 ҳазору 750 гуреза ба қаламрави Хорватия даромадааст", мегӯяд, Вазорати умури дохилии ин кишвар. Ин шумори муҳоҷирон баъд аз пурзуршудани назорат дар марзҳои Маҷористон бесобиқа мебошад.

Ҳафтаи гузашта шумори зиёди муҳоҷирон тавассути қаламрави Сербистон ба таври қонунию ғайриқонунӣ ба хоки Хорватия ворид шуданд, ки ин чиз боиси пурзур шудани назорат дар хатти марзҳои Маҷористон гардид.

Мақомоти Хорватия барои ҷилавгирӣ аз ин мавҷи муҳоҷирон дар давоми ҳафтаи ахир 8 гузаргоҳи сарҳадии худ дар марз бо Сербистон, 7 тояшро масдуд кардааст.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ