Нерӯманде аз Остона рекорди ҷаҳониашро ба Назарбоев бахшид

Обуна шудан
Сергей Тсирулников зимни мусобиқаи қаҳрамонии муҳорибаи дастӣ дар шаҳри Остона бо дам кардану кафондани 5 грелка дар давоми 1 дақиқаю 37 сония рекорди нави ҷаҳониро гузошт ва ин дастоварди худро ба раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бахшид.

Рекорди қаблиро варзишкори украинӣ 12 соли пеш гузошта буд. Ӯ дар 1 дақиқаю 47 сонияӣ 7 грелкаро мекафонад. Аммо бо кӯмаки дастонаш.

Сергей Тсирулников бо дам кардану кафондани 5 грелка дар давоми 1 дақиқаю 37 сония рекорди нави ҷаҳониро гузоштааст, менависад бахши қазоқии РИА Новости.

Тсирулников ин кор бидуни ёрии дастонаш анҷом медиҳад. Тавре худи варзишгар мегӯяд, ӯ дар давоми тамринҳои худ на камтар аз 500 грелкаро кафондааст. Инчунин дам кардани грелка бо биниро ҳам омӯхтааст.

Ҳоло ин варзишкор дар пеши худ ҳадафи дигаре дар пеши худ гузоштааст ва он ҳам бо як даст бардоштани санге мебошад, ки беш аз 153 кило вазн дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0