01:02 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Видео
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Душанбе шаҳри кучакест, ки бо нерӯи инсонии худ бузургу бо сокинонаш ғанист. Ҳар касе ки ҷояш холист, он худ пайдо хоҳад кард. Бо қаҳрамони рубрикаи имрӯзаи “Симои шаҳри мо” Брюс Лии тоҷик шинос шавед.

Сокинони солхурдае, ки ҳанӯз аждаҳори кучакро дар хотир доранд, бо як табассум ба Собир Мирзоев менигаранду ӯро Брюс Лӣ ном мегиранд. Ҳар наврасе, ки бо устоди чинӣ ошност, бо дидани қаҳрамони мо ҳатман суоле хоҳад дод, ки магар ин ҳамон Брюс Лӣ нест?

Бо дидани қаҳрамони филми чинии "Болшой босс" дар соли 1991 Собири хурдакак ҷуз ӯ худро каси дигаре наҳисобидааст.

"Он замон ӯро танҳо барои худ тақлид ё нусхабардорӣ мекардам. Бо бачаҳо филмҳои дигари ӯро пайдо кардему бо ёфт шудани чӯбчаҳои махсуси мисли дар дасти ӯ буда ман тамринро оғоз кардам", — мегӯяд Собир.

Сипас Собир тамринро аз санъати муҳорибаи Шарқ — каратэ-до, кунг фу оғоз карда, то услуби кашфкардаи Лӣ — ҷиткундо идома медиҳад.

"Ҷиткундо ин хурише мебошад, ки аз тамоми навъи сабзиҷот омода шудааст: кунг-фу, вин-чунь, айкидо, каратэ, акробатика. Бисёр бомаза омадааст, — механдад Мирзоев. — Ва дардовар!".

Брюс Лӣ будан ва худ боқӣ мондан

Он чизе ки Брюс Лӣ барои Мирзоев омӯзонидааст, ин мавқеъ дар зиндагӣ аст ва ӯ худ тақрибан ба Лӣ табдил ёфтааст: ҳамон ороиши мӯйу ҳамон айнак ва ҳамон нигоҳ.

"Бисёриҳо маро Брюс Лӣ мегӯянд ва ҳатто тамос гирифта, дар ин бора ҳарф мезананд. Шогирдоне, ки инҷо тамрин мегиранд, мегӯянд, мо Брюс Лиро дидем, Шумо бедуд, не? Ба ӯ бисёр монандед", — механдад Брюс Лии тоҷик.

Ин чиз аз як тараф одамро хурсанд мекунад. Вале аз ҷониби дигар агар бингарем, инсон бояд худ боқӣ монад. Ин чизро фалсафаи Брюс Лӣ ҳам мегӯяд. "Ман бисёр мутаассибам, пайравӣ мекунаму ба тасвир мекашам. Аммо худ боқӣ мемонам", — бо боварӣ изҳор медорад ӯ.

Қаҳрамони мо ҳамчун Собир Мирзоев як зиндагии хубу миёнаро орзу дорад(дар ҳоли ҳозир ҷое кор намекунад). Аммо ҳамчун Брюс Лӣ солҳост, ки мехоҳад, филмеро ба навор бигирад.

"Борҳо ба филмбардорҳои худамон пешниҳод кардам, ки биеёд аввалин филми тоҷикии ин гунаро ба навор гирем ва ҳатто ман розӣ будам, ки ройгон саҳнаҳоро фикр карда, нақш офарам. Аммо дастгирӣ накарданд", — илова кард Мирзоев.

Брюс Лии тоҷикро ба Русия даъват доранд

Мирзоев мактаби шахсии санъати муҳориба ба номи Лиро таъсис додааст, ки дар он танҳо се нафар, писару духтари худаш ва яке аз дӯстони фарзандонаш тамрин мегиранд.

Бо вуҷуди он ки санъати муҳорибаи ин устоди чинӣ дар Тоҷикистон чандон ҳаводор пайдо накардааст, ин мухлиси Лӣ қасди бастани дарҳои мактаби худро надорад.

"Бачаҳоро дарк кардан мумкин аст. Онҳо бо шавқу рағбати зиёд меоянду як ду моҳ тамрин мегиранд. Вале баъд ба муҳоҷират мераванд, — мегӯяд Мирзоев. Ду соли пеш шогирдони зиёд, 20 нафар доштам. Аксари онҳо хуб тарбият диданду дар мусобиқаҳо ҳам ҷойҳои намоён гирифтанд. Аммо онҳо ҳам ба Русия рафтанд".

Мирзоевро ҳам барои зиндагӣ дар хориҷ аз кишвар даъват мекунанд ва ҳоло ӯ ки бекор аст, ба ин гуна даъватҳо бо мулоҳиза менигарад.

"Аз Русия омада буданд, мегӯянд, бо ин ҳунару тавоноӣ ва истеъдод чаро ба хориҷ намеравӣ? Инчо чӣ ёфтаӣ?". Албатта, ҳеч чиз ба ҷуз, ишора мекунад, ба чанд ҷоизаву медалҳо. — Барои ҳамин як чанд муддати дигар ҳам инҷо мемонам ва баъд ҳамроҳ бо хонаводаам кишварро тарк хоҳем кард".

© Sputnik
Чеҳраҳои шаҳри мо: дар Душанбе Брюс Ли мезистад
Барчаспҳо:
санъат, муҳориба, устод, чинӣ, тақлид, варзиш, Брюс Лӣ, Собир Мирзоев, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ