07:43 26 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Видео

Навор аз маҳалли таркиш дар фурудгоҳи Истамбул

Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0
© RUPTLY.

Таркиш дар фурудгоҳи ба номи Сабиҳа Гюкчени Истамбул дар маҳалли фуруди ҳавопаймоҳо ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ду фарроши фурудгоҳ захм бардоштанд.

Яке аз бонувони фаррош бар асари таркиш дар фурудгоҳи Сабиҳа Гюкчени Истамбул ба ҳалокат расида, дигаре бо захмҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳодиса дар соати 03:05 (ба вақти Маскав) иттифоқ уфтод. Ду фаррош, ки дар наздикии яке аз ҳавопаймоҳо қарор доштанд, ҷароҳат бардоштанд. Дар касалхона Зуҳра Ямачи 30-сола баъди чанд лаҳза даргузашт.

ТОрнамои Haberturk бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти қудратӣ навишт, шояд таркиш бар асари гулӯлаборони миномёт ба вуқӯъ пайвастааст.

Шабакаи телевизионии NTV дар такя ба ҳарфҳои мусофирон иттилоъ дод, ки дар фурудгоҳ гӯё се таркиш шудааст.

Пулис тамоми фарзияҳоро меомӯзад ва ин ҳодисаро таҳти назорати ҷиддӣ гирифтааст. Тафтиши ҳавопаймо ва мусофирон дар фурудгоҳҳои Истамбул бо шеваи вижа роҳандозӣ гардидааст.

Барчаспҳо:
фурудгоҳ, таркиш, инфиҷор, ҳавопаймо, фурудгощи Сабиҳа Гюкчен, Зуҳра Ямач, Истамбул, Туркия

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ