Голи Путин ва дигар лаҳзаҳои хотирмони хоккей дар Сочи

Обуна шудан
Президенти ФР Владимир Путин дар бозии якҷояи хоккейи Шабона иштирок кард ва ба дарвозаи рақибон гол ворид намуд. Лаҳзаҳои хотирмони бозиро дар қасри "Бузург"-и Сочи тамошо намоед.

Тими "Лигаи хоккейи ситораҳои Шаб", ки Владимир Путин дар ҳайати ин даста бозӣ намуд, "Сборная НХЛ"-ро бо ҳисоби 9:5 шикаст дод. Президент таҳти рақами 11 ба майдони бозӣ ворид шуда, ба дарвозаи рақиб як гол ворид кард ва ҳамчунин ду маротиба ба ҳамроҳони худ тӯби натиҷадор равон кард.

Дар тими президенти ФР ҳамчунин вазири мудофиа Сергей Шойгу ва аъзои шӯрои директорони Лигаи хоккей Вячеслав Фетисов бозӣ карданд. Ба ҳайати "Сборная НХЛ" беҳтарин бозингарон-дӯстдорони ин намуди бозӣ дохил шуданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0