Дар Душанбе фестивали ҷавонон оид ба хип-хоп баргузор гардид

Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷашнвораи Art Dance Fest дар бинои Театри ҷавонон, озмуни хип-хоп гузаронида шуд.

Имрӯзҳо дар байни ҷавонони тоҷик ҳаводорони брейкданс, хип-хоп ва дигар намуди рақсҳои замонавӣ хеле зиёданд. Маҳз барои дӯстдорони ин навъи рақс дар Душанбе фестивали Art Dance Fest баргузор карда шуд.

Фестивал аз ҷониби мактаби рақсҳои варзишии "Refresh  Crew" ва маркази фарҳангии "Ориёно" бо дастгирии кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ гузаронида шуд. Ҷашнвора ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0