22:25 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Видео

Падарам ёд дод: ҳунарҳои шигифтовари Фотеҳи шашсола

Гирифтани линки кӯтоҳ
10610

Паҳлавони хурдсол аз Озарбойҷон бо пои бараҳна аз рӯи шишапораҳо меравад ва ин ягона ҳунараш нест. Ҳунарҳои Фотеҳ Боқировро дар навор тамошо кунед

Ҳар касе аз аҳолии ноҳияи Қабала дар Озарбойҷон, ки боре истеъдоди Фотеҳ Боқировро дида бошад, ӯро паҳлавон мехонад. 

Ба гузориши Sputnik Озарбойҷон, Фотеҳи шашсола метавонад бо пои бараҳна рӯи шишапораҳо биравад ва бихобад, ҳатто кӯдакеро ҳам рӯи шикамаш савор кунад. Ӯ мегӯяд, ки аз шишапораҳо ҳарос надорад.

"Инро падарам ба ман ёд дод. Шишапораҳо бадани маро намебуранд. Ҳамсолонам аз шиша метарсанд, аз он ҳарос доранд. Мехоҳам дар оянда омӯзгори тарбияи баданӣ шавам ва боз мехоҳам, ки дар оянда куштигири номӣ шуда, медолҳои зиёде ба даст биёрам", — мегӯяд паҳлавони шашсола.

Бояд гуфт, ки Фотеҳ ҳамакнун куштии ҷудоро варзиш мекунад ва дар яке аз мусобиқаҳо соҳиби медоли нуқра ҳам шудааст.

Барчаспҳо:
роҳгардӣ болои шиша, ҷасорати кӯдаки шашсола, Фотеҳ Багиров, Озарбойҷон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ