Инфиҷор дар Афғонистон: сарбозон маҳалли таркишро аз назар мегузаронанд

Обуна шудан
Субҳи рӯзи 3 май дар Афғонистон таркиши бузург ба вуқӯъ пайваст

Инфиҷор дар назди сафорати Амрико ва қароргоҳи НАТО дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул рух дод.

Бино ба додаҳои ВКД Афғонистон дар пайи инфиҷор зиёда аз ҳашт нафар ҷон бозта 20 каси дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки маркази инфиҷор қатораи мошинҳои нерӯҳои хориҷӣ будааст, вале асосан дар натиҷаи таркиш мардуми маҳаллӣ хисорот дидаанд.

Қайд мешавад, ки маводи тарканда аз ҷониби ҷангҷӯи худкуш ба кор дароварда шудааст.

Ҷавобгарии таркишро "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0