Бозгашт аз клуби шабона бо фоҷиа анҷомид. Навор аз ҷои ҳодиса

Обуна шудан
Худрав дар паи садама чунон пачақ шуда буд, ки наҷотдиҳандагон дар давоми як соат натавонистанд ронандаро аз дохили он берун кашанд

Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон, ҷавоне ҳангоми аз бозгашт аз клуби шабона ба садама дучор шуда ҷон бохт.

Садама ҳангоми бомдод дар Иссиқ-Кӯл рух додааст. Ду худрави тамғаи Subaru ба ҳам бархӯрдаанд. 

Худрав дар паи бархӯрд чунон пачақ шуда будааст, ки наҷотдиҳандагон дар давоми як соат натавонистанд ҷасади ронандаро аз дохили он берун кашанд. 

Мусофирони дигар 20 ва 25 сола дар натиҷаи ин садама ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0