Барои духтаре аз Эрон ҷашни зодрӯз бо сӯхтор анҷом ёфт. Дар натиҷа вай дар бемористон бистарӣ шудааст.
Яке аз дӯстони эронидухтар ҷашни 20-солагии вайро ба навор мегирифт. Дар навор дида мешавад ки духтар дар сари мизе нишаста буд, ки шамъ рӯшан карда буданд. Касе аз дӯстонаш шишаи пур аз маводи оташгирандаро мепошад. Дар натиҷа соҳибҷашн ва дӯсташ аз шамъ оташ мегиранд.