Волидоне дастгир шуданд, ки 13 фарзанди худро дар зиндон нигоҳ медоштанд (НАВОР)

Обуна шудан
Дар Калифорния зану ҳамсаре дастгир шуданд, ки 13 фарзанди худро пушти панҷара нигоҳ медоштанд

Дар Амрико волидоне, ки фарзандони худро занҷирбанд карда буданд, дастгир шуданд. Онҳо 13 фарзанд доштанд, ки ҳатто дар бораашон ҳамсоягонашон низ намедонистаанд.

Яке аз духтарони волидайни сангдил аз хона фирор мекунад ва ба хадамоти наҷотдиҳӣ занг зада,  хабар медиҳад, ки вай бо 12 хоҳару бародаронаш аз дасти волидон дар  зиндон қарор доранд. Онҳо аз 2 то 29-сола будаанд.

Ба қаври расонаҳои Амрико, бархе аз онҳо ба рахти хобашон занҷирбанд шуда буданд. Аз норасоии об ва хӯрок фарзандони зиндонӣ хаставу лоғар менамуданд.

Волидони сангдил- Дэвид Аллени 57-сола ва Луиза Трупини 49-сола ба гуноҳи худ иқрор шуданд, аммо натавонистанд тавзеҳ диҳанд, ки барои чӣ бо фарзандонашон ин гуна муносибат кардаанд.

Пулиси Калифорния ин ҳодисаи ҳайратоварро бозҷӯӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0