Навори сӯхтор дар масҷиди шаҳри Ӯш

Обуна шудан
Дар яке аз масҷидҳои шаҳри Ӯш дар ҷануби Қирғизистон сӯхтор сар зад

Сухангӯи Кумитаи умури изтирории вилояти Ӯш Авазбек Айтиев гуфт, ки сӯхтор 21 январ, соати 03.30 сар зад. То соати панҷи бомдод сӯхтор пурра хомӯш карда шудааст. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Сӯхтор 400 метри мураббаъ аз масҷидро сӯхта хокистар кард. Хушбахтона дар паи ин сӯхтор касе осеб надидааст.

Лентаи хабарҳо
0