Навори бархӯрди 70 худрав дар шоҳроҳи яхбастаи ИМА

Обуна шудан
Ба далели яхбандии роҳҳо ва меғолуд будани ҳаво дар яке аз бузургроҳҳои иёлоти Айови Амрико беш аз 70 худрав аз ҷумла боркашҳо ба ҳам бархӯрданд

Тибқи маълумоти пешакӣ дар паи ин садама чанд нафар ҷон бохтаву чандин каси дигар захмӣ шудааст. Ҳаракат пурра дар ин шоҳроҳ баста шудааст.

Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна худравҳо ва боркашҳо дар роҳ лағжида ба ҳам бармехӯранд ё ба канори роҳ меафтанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи барфрезии барзиёд дар ИМА ва Канада 19 кас ҷон бохт.

Лентаи хабарҳо
0