20:56 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Видео

Ёде аз Муборакшо Мирзошоев дар солгарди даргузашташ

Гирифтани линки кӯтоҳ
26020
© Youtube / Dilovar Abdurahimov

Аз даргузашти овозхони номдори тоҷик Муборакшо Мирзошоев 17 сол пур шуд, вале то имрӯз сурудҳои ӯ дар дили мухлисонаш ҷойгир аст

Муборакшо моҳи августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон дар хонаводаи Абдулваҳоб ба дунё омадааст.

Хонаводаи Муборакшо фарҳангӣ буд, аз ин рӯ қариб ҳамаи узви хонавода ба мусиқӣ шавқ доштанд.

Муборакшо ҳанӯз дар синни 14 солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъоляити ҳунарии худро соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз намуд.

Муборакшо пас аз иҷрои суруди "Ғарибӣ" миёни мардум шуҳрат пайдо кард. Нахустин консерти ӯ дар Тоҷикистон соли 1995 дар боғи фарҳангие дар  Душанбе баргузор шуд.

Он замон авзоъи Душанбе онқадар ором набуд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксӯ гузошта таҳти навоҳои Муборакшо чарх мезаданд.

То имрӯз сурудҳои "Ай ёрам биё", "Ғарибӣ", "Равон шуданд чор ҷавон", "Парвинамо", "Сабза ба ноз", "Хиромон", "Туро намепарастам" ва ғайра дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ ҷойгир аст.

Муборакшо соҳиби се фарзанд: Аслишо, Сайёд ва Имомалишо мебошад. Писари хурдии ӯ Имомалишо пайрави ҳунари падар ҳаст. Чанде пеш дар Маскав Имомалишо ҳамроҳ бо овозхони ҷавон Хушрӯз консерте бо овози зинда баргузор кард.

Барчаспҳо:
рӯзи вафот, Муборакшо Мирзошоев, Тоҷикистон

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ