20:56 19 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Видео

Навори мудҳиши зери чархи мошин мондани модару кӯдак

Гирифтани линки кӯтоҳ
579 0 0
© предоставленное очевидцем видео с камеры наблюдения

Дар пойтахти Қирғизистон садамаи мудҳише рух дод - модару кӯдаки хурдсоле зери чархи микроавтобус монданд

Дар Бишкек микроавтобусе занеро бо кӯдакаш зер кард. Дар навори дурбинҳо дида мешавад, ки зане кӯдаки хурдсоле дар даст дар интизори убур кардани роҳ дар назди гузаргоҳ меистод.

Худраве барои роҳ додани роҳгузарон дар назди гузаргоҳ истод. Аммо аз паси он микроавтобусе бо суръати баланд ҳаракат мекард. Микроавтобус дар ҳоле, ки кӯшиш мекард бо он худрав бар нахӯрад, занро бо кӯдакаш, ки дар канори роҳ меистоданд, зер кард.

Ба ҷойи ҳодиса пизишкон омаданд ва ҷабрдидаҳо ба бемористон интиқол дода шуданд. Аммо модари кӯдак ба ҳуш наомада, ҳалок шуд. Мутаасифона барои наҷоти ҳаёти кӯдак низ як пояшро буриданд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон гузориш додааст.

Барчаспҳо:
садама, кӯдак, модар, Осиё

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ