Футболбозии Путин ва раҳбари ФИФА дар Кремл (НАВОР)

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбари ФИФА Ҷанни Инфантино дар меҳмонхонаи Кремл тӯббозӣ карданд

Навори тӯббозии раисҷумҳур бо раҳбари ФИФА дар вебгоҳи Федератсияи байналмилалии футбол мунташир шуд. Ҳамчунин дар ин навор бозии футболбозони машҳури ҷаҳон Уэйн Руни, Роналдо, Хорхе Кампос, Джей Джей Окоча, Харри Кьюэл ва дигарон дида мешавад.

"Ҳатто президенти ФИФА ва раисҷумҳури русия Владимир Путин низ дар навор ширкат варзиданд ва якчанд бор тӯбро ба ҳамдигар пас доданд",- гуфта мешавад дар мавод.

Ёдрас мешавем, ки то баргузоршавии Ҷоми футболи ҷаҳон дар Рӯсия 100 рӯзи дигар боқӣ мондааст, ки дар ин бора ҳам дар ролик ишора мешавад.

Ҷоми футболи ҷаҳон бори аввал дар Русия аз 15 июн то 15 июл баргузор карда мешавад. Бозиҳои сабқат дар 15 варзишгоҳи 11 шаҳр баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0